Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар байни анбўҳи одамон ў лаҳзае Умаровро гум кард…
– Ба куҷо рафт?
Давида пеши дар омад ва ба Маҳмадов хабар дод. Сипас, чизе ба ёдаш омаду ба таҳхона давид. Дид, ки Умаров дипломатеро аз як қуттии боҷхона кашида гирифт ва ба тарафи ў омад.
Барои шубҳаи ўро наовардан Норов худро ба кушодани дари яке аз камераҳои боҷхона андармон сохт. Умаров аз паҳлўи ў гузашта рафт. Баробари аз бинои вокзал баромадан, аз рўйи нақша парастории ўро милисионери қаторӣ Маҳмадов ба ўҳда гирифт…
Норов аз фурсат истифода бурда, дар бораи самти ҳаракати объект ва бори аз боҷхона гирифтааш ба Расулов хабар дод.
– Ман дар саҳни ошёнаи якум (вестибюл) интизор мешавам ва агар объект самти ҳаракашро дигар накунад, дар ҳамон ҷо амалиётро ҷамъбаст мекунем. Бинобар ин ба объект наздиктар шавед, – амр кард Расулов.
Расулов вориди бинои меҳмонхона гашта, ду нафарро ҳамчун шахси холис барои иҷрои амалиёт даъват кард.
Хушбахтона, онҳо мақсади лейтенанти калон Расуловро, ки худро муаррифӣ карда буд, дарк намуданд ва сухани ўро нашикастанд.
Умаров вориди меҳмонхона шуд ва аз зинаҳо ба тарафи ошёнаи дуюм ҳаракат кард.
– Мухтор Вайсович,– гуфтани касе ўро маҷбур намуд, ки лаҳзае таваққуф намуда, ба соҳиби овоз нигарад.
Ў ба қафо баргашта, дар рў ба рўяш марди ношиносеро дид.
– Маро ҷеғ задед?
– Ҳа, Шуморо, рафиқ Умаров.
– Шуморо намешиносам.
– Расулов, ваколатдори шўъбаи мубориза ба муқобили ҷиноятҳои иқтисодии ШКД– и ноҳияи Гулистон.

пешина
аз 408
навбатӣ