Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фикре ба сараш заду аз меҳмонхона берун шуд...

Ашўр бо тамоми қувва давида худро дар оғўши торикӣ пинҳон намуд. Ба ёрӣ ҷеғ задани Светлана қаҳру ғазаби ўро дучанд кард, вале илоҷе ба ҷуз гурехтан надошт.
– Акнун чӣ мешавад,– мегуфт ў, вале ҷавобе ба посухи худ наёфта, таъбаш чун ҳавои тираи баҳорӣ боз ҳам тиратар мешуд.
Дар назди қонун чӣ фақиру чӣ вазир баробаранд, хонда буд дар куҷое, вале он вақт ба дурустии ин сухан шубҳа дошг, мегуфт қонун танҳо барои фақирон аст, вазир ҳеҷ гох дар курсии судӣ нахоҳад нишаст, чунки ў пул дорад ва пул аз ҳама қонун болотар меистад.
Маҳз ба хотирри пул шуда, ў риштаи ҳаёти нафареро канд, чунки ҳамеша дар орзуи дарёфти пули зиёде буд...
Чун ба худ омад, аллакай аз доираи қонун баромада буд ва дигар суду надомат фоидае надошт. Инаш кам буд, ки Светлана бо қасамҳои бардурўғ ўро бовар кунониданӣ мешавад, ки “қандҳоро” аз боҷхона нагирифтааст. Агар чунин буд, пас чаро ўро ба ҷиноят тела дод.
«Не, ин ҳилаат намегузарад лаънатӣ, вақте ки туро буғӣ намудаму чашмонат аз косхонаи сарат баромаданд баъд мефаҳми ки фиреб чист».
– Аз ин роҳи хубтаре нест, вагарна ў рўзе тўро мефурўшад»,– нидо омад аз қалбаш.
– Не, бе ин ҳам аллакай хуни шахси бегуноҳе дар гардани ман аст.
– Ў фаришта набуд, ки ин қадар худро маломат кунӣ.
– Ба ҳар ҳол одам буд ва мартабаи одам дар назди худованд аз фаришта кам нест.
– Пас он вақте ки ўро буғӣ кардӣ чаро худовандро ба ёд наовардӣ?
– Дар чунин лаҳзаҳо шайтон ба одамизод ҳамроҳ аст.
– Чӣ гуноҳи худро ба гардани ман бор мекунӣ?” Садои сигнали автомашинае, ки бо суръати калон меомад, ўро аз муколамаи нобаҳангом бо қалбаш вораҳонд. Ашўр дар байни андешаҳои худ қариб ба мобайни роҳ баромада буд ва хайрият ронанда ҳушёрӣ карда бо сигнал ўро огоҳ сохт.

пешина
аз 408
навбатӣ