Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гўш кун Валиҷон, ман дар хона як танга надорам, агар хоҳӣ рав ба милиса муроҷиат кун. Ман туро дошта намеистам.
Ба ҳар ҳол ман гуноҳе надорам. Касе, ки маро аз қафои он зан фиристода буд, шояд ман ва туро ҳам аз қафои ў ба он дунё фиристад.
– Ман ба ягон гапи шумо дигар бовар намекунам.
– Ихтиёрат, – гўён ў майли ҳаракат кард.
– Набошад, дар милиса вомехўрем, – гўён Валӣ аз қафои Акбаршоҳ ба тарафи истгоҳ давид.
Света инро интизор набуд. Дар лаҳзаи аввал ҳатто дасту по хўрд, вале ҳамоно худро ба даст гирифту аз қафои писарбача давид… Абдумаҷидов дар истгоҳ набуд. Валӣ омадани ўро пай бурда бошад ҳам бепарво ба тарафи роҳ менигарист. Ў боварӣ ҳосил кард, ки «холааш» бегуноҳ нест, вагарна аз қафои ў намеомад. Ҳамаи гапҳои лаҳзае пеш гуфтааш дурўғанд.
– Валиҷон ту, чи кор карда истодаӣ? Рафторат ба бачаҳои хурдсол монанд, ҳол он ки ту марди баркамол шудаӣ.
Ин суханони Света ўро ба андеша водор намуд.
– Рафтем аз ин ҷо, – аз дасти ў гирифт Райкина.
– Ба куҷо?
– Ба куҷое ту хоҳӣ.
– Мехоҳӣ, ки шавҳарат маро бўғӣ карда кушад.
– Эй нодончаи ман, ту хаёл кардӣ, ки ман шавҳар дорам.
– Набошад чӣ?
– Маро бубахш Валиҷон, ман на ин ки ду балки се маротиба ба ту дурўғ гуфтам.
– Сеюмаш чӣ буд?
– Шавҳар доштанам.
– Инро чӣ хел исбот мекунӣ?
– Ман тайёрам, ки имшаб ва боз чанд шабе, ки дилат хоҳад ҳамроҳи ту бошам.
– Дар хонаат?
– Дар куҷое дилат хоҳад.
– Ў гармии дасти занро ҳис кард ва Райкина инро пай бурд.
– Рафтем аз ин ҷо.
Ҳарду аз истгоҳ дур шуданд…

пешина
аз 408
навбатӣ