Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Писари ҳамсоя аз истгоҳ якҷоя омадем.
Валӣ ки чанд қадам дуртар аз онҳо буд, суханони Валяро шунида каме дуртар рафт.
«Ин зан дар дурўғгўйӣ устухон надоштааст. Аз ў эҳтиёт шудан лозим», – андешид бо худ Валӣ.
– Марҳамат меҳмон шавем, – гуфт Райкина.
– Ташаккур, ягон вақти дигар, – гўён Абдумаҷидов аз ў ҷудо шуд.
Муддати чанд рўзи охир капитани милиса дар ин маҳалла расми Ковалёва дар даст маълумот ҷамъ меовард.
– Ҳа, ҳамин кас ҳамроҳи Света аз бино баромада рафт.
Инчунин ўро субҳи ҳамон рўз дар берун дидам, ки Светаро интизор буд ва дар даст як халтаи селофанӣ дошт. Чун Света баромад ҳарду ба тарафи истгоҳ рафтанд ва дидам, ки ба таксие нишастанд, – гуфт кампири Танзилия.
Абдумаҷидов ба истгоҳ омад. Писарбачаи ҳамроҳи Света буда, бисёр шинос намуд. Ўро дар куҷое дидааст, вале ба ёд оварда натавонист. Ба автобусе нишаста ба идора омад.

... 27 …

– Биё рафтем.
– Ба куҷо?
– Ба хона.
– Не, ман намеравам.
– Чаро?
– Чунки шумо дурўғ гуфтед ва на як бор.
– Аз куҷо фаҳмидӣ?
– Вақте ки милисионер ному насабатонро гирифт, худро ба нодонӣ задед ва танҳо баъди маротибаи сеюм пурсиданаш ба тарафи ў баргаштед, чаро маро писари ҳамсоя муаррифӣ кардед? Ба фикрам аз ў тарсидед.
– Он кас милисионер нест.
– Хобатонро ба об гўед. Ман ўро бо либоси милисионерӣ дар вокзал дидам. Ҳатто маро насиҳат кард…
– Нахоҳӣ ихтиёрат, ман рафтам.
– Ман ҳамин ҷо интизор мешавам ба ман сад доллар ва ё қурби онро гирифта биё, агар хоҳӣ ман хомўш истам.

пешина
аз 408
навбатӣ