Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар субҳ ба ҷойи вохўрӣ ба пеши муҷассамаи Айнӣ меомад, вале аз Ирина дарак набуд Ў тайёр буд, ки гуноҳи Иринаро барои гум кардани се дона қанд бубахшад. Дар ҳақиқат Ирина бо ин рафтораш на танҳо ҳаёти худ, балки ҳаёти ўро низ ба хатар гузошта буд. Ва дар муддати ин панҷ рўзе, ки ў Ковалёваро дар назди муҷассамаи Айнӣ интизорӣ кашид, чандин маротиба ин масъаларо дар тарозуи ақл баркашид.
Вазъияти ба амаломада ўро аз ҳаракатҳои минбаъда боз дошт. Аз дил гузаронд, ки шояд милиса Иринаро, аллакай дастгир намудааст. Нафси бад – балои ҷон. Эҳтимол милисаҳо акнун дар ҷустуҷўйи мананд. Хайрият, қандҳоро ҳамон рўз гирифтам. Лозим меояд, ки амалиёти обу лой намудани онҳоро каме маъқуф гузорам.
Бегоҳӣ рўзи панҷуми ба Душанбе омаданаш, ҳангоми тамошои барномаи «Ахбор» аз ҳодисаи ба сари Ковалёва омада огоҳ гашт. Тамоми шаб мижа таҳ накард. Ў мурғи посўхтаеро мемонд, ки ҷойи поймонӣ намеёфт.
«Албатта милиса дар бораи қандҳо то ҳанўз хабар надорад, вале аз эҳтимол дур нест, онҳое ки Иринаро ба қатл расондаанд, ҳоло дар ҷустуҷўйи қандҳоянд». Аз чӣ бошад, ки ў сабаби марги Иринаро дар ҳамин қандҳо медид…

... 26 …

– салом Светлана Андреевна.
– Салом. Дар ин ҷойҳо?
– Ба хонаи як дўстам омада будам, дурўғ гуфт капитан ва ҳис кард, ки баданаш арақи сард баровард. Аслан ў фиребу дурўғро хўш надошт, вале маҷбур буд, ки ҳамин хел гўяд. Ў аллакай муайян намуда буд, ки Ирина дар хонаи Светлана Андреевна будааст. Вале барои дастгир намудани Райкина ҳанўз барвақт буд.
– Агар махфӣ набошад, кӣ будааст?
– Назар Назирзода.
– Ҳа, медонам, мегўянд, ки олими калонест, – гуфт Райкина.
– Ин писарбача кӣ?

пешина
аз 408
навбатӣ