Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

... 28…

Расулзода субҳи рўзи дигар ба манзили Назаров ташриф овард. Шералӣ Ғайюрович дар ҳота ҷунбуҷул дошт. Ў дар пеши дарвоза меҳмонро дида, белро як сў гузошта, ба пешвозаш омад. Аслан ў ба ташрифи милисаҳо одат карда буд.
Азбаски Расулзода дар либоси ғайри низомӣ буд ва Назаров бори аввал ўро медид, меҳмонро ба хона таклиф карда, худро муаррифӣ намуд.
– Бивши заключёний Назаров.
– Расулзода.
– Чӣ кораед?
– Милиса.
– Дилам гувоҳӣ дод, ки милисаед.
– Чӣ ин ягон бадӣ дорад?
– Албатта, не рафиқ начальник. Марҳамат ба хона, дар остона истодан хуб нест.
Расулзода ба хона даромад. Хона ҳарчанд фақирона бошад хам, вале озода буд. Ба нею нестони меҳмон нигоҳ накарда, ҳамсари Назаров дастурхон густурда чой овард...
Танҳо пас аз фотиҳа ва бардоштани дастурхон соҳибхона сабаби ташрифи меҳмонро пурсон шуд.
Расулзода мақсади ташрифашро гуфта дод.
Назаров cap ба зер афканда хело хомўш нишаст ва ниҳоят ба сухан даромад:
– Ба сари фарзанди одам ҳарчӣ ояд бигзарад. Умр, ки боқӣ будааст, ана, мо боз дар хона. Ҳатто аз маҳбас омада наберачаро дидем. Вале оне ки ин корро кард, ҳоло дар қайди ҳаёт нест.
– Ба фикрам аз он тилло заррае насибаш нашуд.
– Кадом тилло? Аниқтар гап мезанед Шералӣ Ғайюрович.
– Акнун чӣ ҷойи пинҳон кардан, ман ҷазои худро гирифта омадам.
... Он солҳо ман дар артели заршўйи “Сароб” вазифаи заршўйро ба ўҳда доштам. Вазифаи худро бе нуқс иҷро мекардам. Артел дар мавқеъе ҷойгир буд, ки аз ҷинси латиф касе наменамуд. Ба назар мерасид, ки мо дар замин не, балки дар киштии зериобии атомӣ хизмат карда истодаем. Дар ду смена дувоздаҳ соатӣ кор мекардем.

пешина
аз 408
навбатӣ