АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

... 18 …
Баъди як ҳафтаи ин ҳодиса боз гузари Света ба вокзали роҳи оҳан афтоду ҷарроҳатҳои дилаш тоза шуданд… Ў ба курсие, ки ҳафтаи пеш ҳамроҳи Ковалёва нишаста буд, нишасту ба банди андешаҳои хеш дода шуд:
Соатҳои бисту се ҳарду аз ресторан баромаданд. Шамоли форами баҳорӣ ба кас ҳаловат мебахшид. То истгоҳ омаданд, вале аз нақлиёти мусофиркаш ному нишон намонда. Света автомашинаи шахсиеро манъ кард. Дар даромадгоҳи боғи «Дўстӣ» аз ронанда хоҳиш кард, ки автомашинаро боз дорад.
– Чӣ аллакай расидем, – гуфт Ирина, ки аз таъсири май дилаш беҳузур шуда буд.
– Ин тарафашро пиёда меравем, пеш аз хоб сайругашт зиён надорад.
Бо ронанда ҳисобӣ карда ҳарду фаромаданд. Ковалёва аз таъсири май маҷоли ҳаракат кардан надошт.
– Светаҷон беҳуда ҳамин ҷо фаромадем, бо чунин аҳвол маро сайругашт ҳам намефорад.
– Ҳеҷ гап не, ҳавои тоза рўҳро ҳам ором мекунад, – гўён Райкина аз оринҷи дугонааш гирифт ва ҳарду аз миёна боз роҳро миёнбур карданӣ шуданд.
– Чаро дар ин боғ касе нест, – изҳори ташвиш кард Света.
– Эҳтимол ҳама хоб шуданд.
– Ҳоло соат чанд.
– Аниқашро намедонам. Ресторан соати ёздаҳ маҳкам мекунад, агар як соати дигар баромаданамонро шуда бошад.
Райкина аз дур суроби касеро дид.
– Биё каме ба курсӣ нишинем, – гуфт ў.
– Не, бе ин ҳам дер шудааст, ба хона меравем, – гуфт Ирина.
Гуфтугўи онҳоро Ашўр шунид ва оҳиста аз камингоҳ берун омад.
Иринаҷон чӣ хел кокулонат зебо, – гўён Света мўйҳои хамидаи Иринаро аз тарафи чап ба тарафи рости синаи дугонааш ба қафо партофт ва Ашўр аз фурсат истифода бурда, онҳоро ба гардани сайдаш тоб дод…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё