Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ой, киро мебинам, – гуфтани касе ўро аз байни андешаҳо берун овард. Дар рў ба рўяш ҳамон писарбачаи ба «разведка»
фиристодааш меистод…
... 19 …

Аҳмад Шарифӣ аз тановули нисфирўзӣ баргашта, дар пеши бинои прокуратура ташхисгар– криминалист Жулёв Николай Григоревичро дид.
– Тоқатам ҳам тоқ шуд, қариб баргашта равам.
– Ба куҷо ҳам меравед, Николай Григоревич?
– Шумо тоҷикон бало, вале мақоли «Омадан бо иродату рафтан бо иҷозат»– атон имрўз ба кор намеравад.
– Чаро?
– Агар ман ба хонаатон меҳмонӣ меомадам, дигар гап.
– Идора ҳам хонаи дуюми мост, – гўён муфаттиш Жулёвро ба утоқи кориаш даъват кард.
– Хўш, корҳо чӣ тавр Николай Григоревич?
– Аз хок берун гаштем.
– Инаш– ку маълум, вале саломатиатон чӣ навъ?
– Акнун, ки пойи бар лаби гўр мондем, саломатӣ ҳам бад.
Аҳмад Шарифӣ ҳарчанд солиёни зиёд Жулёвро мешинохт, бори аввал ўро чунин рўҳафтода дид. Албатта вазъияти сиёсии ҷумҳурӣ таъсири худро дар ҳама табақаҳои аҳолӣ расонида буд ва Жулёв ҳам дар канор намонда.
– Металатонро дидам, тиллои холис, навъашон олӣ аз қаторкўҳҳои Пётри якум ва Дарвоз гирифтанд.
– Вазни яктоаш 28, 3 аз дуюмаш 25, 7 қирот5.
– Николай Григоревич гўед, ки чӣ хел тиллои қаторкўҳҳои Пётри якум ва Дарвоз дар Украина афтидааст?
– Муайян кардани ин тарафаш вазифаи шумо ва шиш6 аст.
– Шиш чист?
– Инаш муаммо аз ман, агар ёфтед ман қарздор, наёфтед шумо ва Абдумаҷидов як зиёфат қарздор.
– Ман розӣ, вале Акбаршоҳ розӣ мешуда бошад, охир ў дар ин гуфтушуниди мо иштирок надорад.
– Инаш кори шумо агар наёфтед, як зиёфат дар гарданатон қарз.

пешина
аз 408
навбатӣ