Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ассалому алайкум рафиқ полковник (Шарифӣ унвони мушовири адлияи дараҷаи якум дошт) мебинам, ки дар тараддуди хонаравиед…
– Салом капитан, аз даму дуои Шумо бекор шиштем, бинобар ин дар тараддуди хонаравиам.
– Шуморо бекор намемонем, рафиқ полковник.
– Чӣ қотилро дастгир кардед магар?
– Қотилро– ку не, вале ба шумо қанд овардам.
– Чӣ хел қанд?
– Порае аз он қандҳое, ки қотил бурдааст.
– Ҳеҷ аз шўхият намондӣ.
– Инро бе шўхӣ мегўям, рафиқ полковник.
Шарифӣ ваколатдори кофтукови ҷиноятиро ба утоқи кориаш даъват кард…
– Хўш, гўшам ба шумо.
Акбаршоҳ нишондоди Ковалёва Анастасия Петровна ва протоколи гирифтани далелҳои шайъиро ба дасти муфаттиш дод…
– Бад не, бад не, – гуфт Шарифӣ баъди мутолиаи қоғазҳо.
Дар ҳақиқат акнун кор ранги дигар мегирад.
Ҳарчи тезтар қандҳоро ба ташхисгоҳ фиристодан лозим.
– Ин он қадар кори мушкил нест, – гўён муфаттиш мошинкаи хатнависиро ба пешаш гузошт ва қарорро дар бораи таъин намудани ташхис дар ду варақа чоп карда, ба он имзо гузошт. Аз баски котиба нест пагоҳ онро мефиристам. Боз чӣ?
– Афсўс, ки Анастасия Петровна бо худ варақае аз ҳусни хатти духтараш наовардааст, вале бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳусни хатти мактуб аз Ирина нест, бино бар ин ҳаминашро низ ба ташхисгоҳи хатшиносӣ фиристодан лозим, хоҳиш кард капитан.
– Майлат, боз чӣ?
– Субҳи фардо Ковалёва ба наздатон меояд, масъалаи бурдани мақтулро ҳал намудан лозим.
– Бе ин намешавад, ин қарзи инсонии ҳар як фард аст…

пешина
аз 408
навбатӣ