АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Райкина бо як маҳорати хосае қандро шикаста ду пора кард, ки аз дохили он оҳани зарде ба тилло монанд берун омад.
– Вой ман мурам, ин чӣ Иринаҷон?
– Гўё ки намедонӣ, – хандида гуфт Ковалёва.
– Наход тилло бошад?
– Ҳа, худаш навъаш баланд.
Ирина як дурахшеро дар чашмони соҳибхона дид ва онро ҳамчун хурсандии Светлана шумурд, вале дар асл ин дурахш он буд, ки соҳибхона нақшаи чӣ тавр аз боҷхона гирифтани қандҳои боқимондаро кашида буд…
Он рўз соҳибхона бо баҳонае ба мағоза рафта аз телефон – автомат ба Ашўр занг зад…
Бегоҳӣ ҳамроҳи Ирина ба ресторани «Ором» рафтанд ва ба қавле барои барори кори меҳмон нўшиданд…
Дар курсие аз онҳо дуртар ҷавоне танҳо менишаст ва дар зери мусиқии форам омада Райкинаро ба рақс таклиф намуд…
Ковалёва ҳатто пай набурд, ки ҳамин рақс тақдири минбаъдаи ўро ҳал мекунад.
– Хўш, чи гуфтании таъҷилӣ доштӣ ва ба замми ин боз ин қадар конспиратсия?
– Тақдир як бор ба рўйи одам механдад Ашўрҷон, агар онро аз даст диҳем, пас вой бар ҳоламон.
Райкина дар давоми рақс мақсади ташрифи дугонаашро ба Ашўр нақл кард ва нақшаи аз байн бурдани Иринаро пешниҳод кард…
Ў Светланаро то пеши миз гусел кард, барои рақс ба духтар ташаккур гуфт…
Онҳоро он шаб чандин бор ба рақс даъват намуданд, вале Райкина ба рақс набаромад. Ирина бошад ду маротиба рафта рақс кард…
... 17 …
Аҳмад Шарифӣ аз бинои прокуратура баромада чашмаш ба Абдумаҷидов бархўрд, ки нияти аз роҳ гузаштан дошт.
Муфаттиш дар зинаҳои пеши бинои прокуратура лаҳзае истод…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё