Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин хел дўстии мо оҳиста– оҳиста мустаҳкам мешуд…
Пешхизмат хўрок оварда болои миз гузошт ва ба онҳо иштиҳои том орзу намуда рафт…
– Баъд чӣ шуд, – пурсид Света.
– Ҳамааш аз вохўрии ҳафтум сар шуд. Он рўз ман танҳо ба Бердичев омадам ва ба ў занг задам.
– Саид канӣ? – пурсид ў.
Гуфтам, ки ў имтиҳон дорад, бинобар ин дар Харков монд.
– Барояш хатчае дорам, онро чӣ кунам?
Аз баски ман чандин бор чунин хатчаҳоро гирифта будам ва медонистам, ки дар он чист гуфтам, ки маро интизор шавад.
Ў чун пештара маро бо рўйи кушод ба хона таклиф кард.
Ин аввалин маротиба буд, ки ман танҳо ба хонаи ў рафтам.
Дастурхон густурда хатчаро оварда, ба дастам дод. Ман ҳис намудам, ки дар дохили он чист.
– Ин барои Саид. Барои худат бошад ана, ин, – гўён як дона қанди сафедро ба дастам дод. Ман ҳайрон– ҳайрон ба тарафаш нигаристам ва ҳатто нафратам омад, ки маро масхара мекунад.
– Ирина, ин қанди оддӣ не, агар бовар накунед онро ба пиёлаи чой андозед, – гўён ў лаҳзае маро танҳо гузошта ба ошхона рафт.
Шояд ин ҷо сирре бошад, андешидам ба худ ва қандро ба пиёла андохтам…
– Ирина он мард чӣ ном дорад?
– Секрет фирмы.3
– Баъд чӣ шуд?
– Ман на танҳо мафтуни қанд, балки мафтуни ў ҳам шудам.
– Қандҳои дишаба ҳам аз ҳамон қандҳо буд?
– Фикри ту чист?
– Ба фикрам сеҳрнок буданд, вагарна дар шаб шумурдани онҳо маъние надошт…
– Аслан ман ҳеҷ гумон надоштам, ки дар чунин вазъият маро мебинед.
– Бубахш, ман қасдан надаромадам.
– Мефаҳмам.
– Ман ҳеҷ сеҳри он қандҳоро нафаҳмидам?

пешина
аз 408
навбатӣ