Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман розӣ, рафтем.
Ҳарду оҳиста– оҳиста ба тарафи меҳмонхонаи «Душанбе»
роҳ пеш гирифтанд…
Дар қаҳвахона одам кам буд, аз ин рў онҳо дар як мизи кунҷи қаҳвахона ҷо гирифтанд ва омадани пешхизматро интизор шуданд.
– Ирина, дар таксӣ суханатро ба анҷом нарасондӣ. Чаро ба он рўзе, ки Саид туро ба ҳамшаҳриаш шинос кард лаънат хондӣ?
– Ин қиссаи дароз аст ва ба ёд овардани он бароям он қадар гуворо нест.
– Нахоҳӣ гуфтан, ихтиёрат.
– Агар майлат бошад, гўш кун: Вақте ки модарам аз ин ҷо кўчида рафт, ману Саид як рўзи истироҳат ба айёдаташ ба Бердичев рафтем. Дар наздикии як дўкони рўзномафурўшӣ мо ҳарду ба забони тоҷикӣ ҳарф мезадем, ки марди тахминан сӣ– сиюпанҷсолае наздамон омада, салом дод ва худро муаррифӣ кард. Ў зодаи Тоҷикистон будааст ва тайи чанд соли охир дар Бердичев зиндагӣ мекардааст. Гуфтугўи мо барояш хело гуворо тофт магар, ки моро ба хонааш таклиф кард. Ман розӣ нашудам, вале Саид гуфт, ки набояд дили ҳамшаҳрашро шиканем. Гуфтам, биё ўро беҳтараш ба хонаи модарам барем.
Ин дафъа ў розӣ нашуд ва гуфт, ки лафзи ширини тоҷикиро бисёр ёд кардааст ва мехоҳад, ки моро меҳмондорӣ кунад. Ў нишонаашро ба дасти Саид дод ва бори дигар хоҳиш намуд, ки бегоҳ моро интизор мешавад…
– Чӣ мефармоед? – гуфтани пешхизмат суҳбати онҳоро бурид.
Чун пешхизмат хоҳиши миҷозонро ба дафтарчааш навишта рафт, Ирина суханашро давом дод.
– Бегоҳӣ дар вақти муайяншуда мо тугмаи занги дари хонаи ўро пахш намудем. Дарро ба рўямон худи соҳибхона кушода бо чеҳраи кушод моро пешвоз гирифт. Чунин меҳмондориро ман дар ягон ҷо надида будам. Умуман ў ба дилу дидаи мо ҷо гирифт. Он шаб то рўз ҳар се нахобидем ва дар фазои мусиқӣ рақс намудем. Субҳ ба нею нестони мо нигоҳ накарда, ба дасти Саид сад доллар дод. Гуфт, ки донишҷў набояд ризқашро пеши по занад. Мо низ суроғаамонро чӣ дар Бердичев ва чӣ дар Харков ба ў додем.

пешина
аз 408
навбатӣ