АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Вақташ ояд мефаҳмед.
– Ирина, агар малоли хотират наояд, гўй ки байни ту ва роҳбари фирма, ки номашро ақаллан боре ба забон наовардӣ ягон муносибати наздик …буд?
– Не, ҳарчанд ман инро мехостам.
– Оё Саид дар бораи он қанд медонад?
– Не, чунки ҳамон вақт ман «мактуби» ўро набурдам…
– Анастасия Петровна чӣ?
– Ў ҳам ягон чиз намедонад.
Анастасия Петровна ва Константин Петрович4 баъди се шабонарўз ба Душанбе омаданд… Капитан Абдумаҷидов дар утоқи кориаш онҳоро қабул карда, ҳамдардии худро нисбат, ба фалокати ба сарашон омада изҳор намуд.
Акбаршоҳ дар бораи ташрифи духтараш ба Душанбе аз Анастасия Петровна пурсон шуд. Модар ашки чашмонашро пок карда, бо овози гирифта сухан оғоз кард…
Вақте ки ман ба Бердичев кўчида рафтам, Ирина ҳамроҳи ҷавоне ба хона омад. Ўро сарзаниш намудам, ки ин кист? Гуфт ҳамсабақам. Ҳамон шаб онҳо ба куҷое рафтанд ва рўзи дигараш омаданд. Ба ў гуфтам, ки қадамҳоятро дониста мон.
Ирина хандида гуфт, ки аз Саид (ҷавонро чунин ном буд) дида, ў домоди арзандатаре нахоҳад ёфт. Рости гап аз чунин бешармӣ ҳуш аз сарам парид ва хостам ба рўяш торсакии обдоре фарорам, вале худро ба даст гирифтам... Сипас дар танҳои ўро насиҳат кардам ва Ирина гуфт, ки акнун оби рехтаро ҷамъ карда намешавад. Донистам, ки маза аз қайла гузаштааст.
Рафта– рафта Саид ҳам ба ман маъқул шуд ва ба хулосае омадам, ки дар ин кор Ирина бештар гунаҳкор аст…
Бегоҳӣ 31 март ў ба хона омад. Дар дасташ халтаи селофание дошт. Пурсидам, ки чи дорӣ? Гуфт қанд. Тахминан панҷ– шаш килограмм меомаданд. Сипас онҳоро бо эҳтиёт ба қутичаҳои зебои картонӣ ҷо ба ҷо намуд. Дидам, ки онҳоро мешуморад, хандаам омад. Субҳи якуми апрел аз хоб хеста гуфт, ки азми сафари Душанбе дорад… Ман ҳамаи гапҳои ўро шўхӣ пиндоштам. Хаёл кардам, ки ба Харков рафтааст. Чун аз Шумо телеграмма гирифтам, ба асли ҳодиса огоҳ шудам...
– Анастасия Петровна ба фикри шумо сафари нобаҳангоми Ирина аз баҳри чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё