АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Рафиқ майор, магар одамкўшӣ ҳодисаи оддист?
– Аслан як фоҳиша камтар.
– Аз қафои марҳум сухани бад гуфтан чӣ лозим, охир ў маргро танҳо набурдааст– ку?
– Набошад вақтро аз даст надеҳу қотилро дастгир намо, – паст наомада гуфт Ёров.
– Дастгир мекунем.
– Агар дастгир мекардед Светаро гумонбар намешудед.
– Гумонбар шудан маънои гунаҳкор карданро надорад.
Маҳз барои ҳамин аз қафои ў назорат бурдан лозим.
– Бе сансияи прокурор?
– Аз рўйи нақши ҷиноят Света ин корро танҳо накардааст ва аз эҳтимол дур нест, ки қотил мард аст. Маҳз ў метавонад, ки Светаро ҳамчун шоҳиди номақбул аз байн бардорад, ана баъд…
– Боз як куштор, – сухани Абдумаҷидовро бурида гуфт Ёров.
– Ин масъаларо сарфи назар кардан мумкин нест ва маҳз назорат аз қафои Райкина ўро аз хатар эмин медорад.
– Майлаш ман розӣ, вале аз хотир набарор, ки танҳо ёфтани қотил шуморо аз ҷазои интизомӣ халос мекунад. Ман то он замоне, ки ҷустуҷўиҳои беҳуда ба ҷонатон назанаду гузоришатонро барои бо ихтиёри худ аз милиса рафтан болои мизи кории ман нагузоред, шуморо дастгирӣ мекунам. Боварӣ дорам, ки он рўз дур нест ва бигузор аз милиса рафтани шумо барои дигарон дарси ибрат шавад. Акнун гўед, ки барои шумо чанд рўз ва чанд милисионер лозим?
– Ҳашт рўз. Инчунин ҳаррўза ду милисионер ба муҳлати номаҳдуд.
– Чӣ хел номаҳдуд?
– То пурра аниқ шудани ҳолатҳои кор, яъне то вақте мо пурра боварӣ ҳосил накунем, ки ягон кас ба Райкина таҳдид намекунад.
Аз пайи кор шавед. Аз хотир набароред, ки мо беохир интизор шуда наметавонем. Агар дар муддати ҳашт рўз гиреҳе аз ин ҷиноят ба даст оваред, ман муҳлати корҳои таъҷилӣ ҷустуҷўиро дароз мекунам, вагарна…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё