АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ман бояд гузоришамро болои мизи кории шумо гузораму дар ҷустуҷўйи кори нав шавам…
– Садқаи одами ақли фаҳм шавам, як гапро ду бор такрор кардан ба ман он қадар хўш нест…
... 12 …
света чӣ тавр ба хона омаданашро нафаҳмид… Дафтарчаи дугонаащро бароварда, бори дигар аз назар гузаронд. Хаттое дар навиштаҷот набуд. Е 268, х. 117. Он писарбача ҳам маҳз ҳамин рақамро гуфт…
– Акнун чӣ мешуда бошад? Ашўр ҳам баъди як– ду ҳафта гашта меояд, ман ба ў чӣ ҷавоб медиҳам? Охир бо гуноҳи ман ў ба ҷиноят даст зад… Сараввал ба боҷхона рафтан лозим буд на ба милиса. Ба замми ин он мактуби лаънатиро навиштам… Чи хуб аст, ки ман ба дасти чапам ҳам навишта метавонам…
Воқеаи дирўзаро ба ёд оварда дилаш таҳ кашид…
– Света, Света гуфтани Ирина ўро аз хоб бедор кард.
– Ҳа ман, – гуфт ў ва аз ҷой хест. Хобу марг баробар гуфтани мардум беҳуда набудааст. Тамоми шаб нахуфту қарибиҳои субҳ ғанабаш бурдааст… Мехост ақаллан як дона қандро ба даст оварад, вале…
Ирина пешдастӣ кард. Ў халтаи селофание дар даст омодаи рафтан буд. Райкина ҳис кард, ки халта қанд дорад. Акнун ў ҳеҷ гоҳ ин сирро нахоҳад фаҳмид.
– Хобам бурдаст мебахшед, – гуфт ў.
– Ҳеҷ гап не, ман ягон соат пас гашта меоям.
– Ин чи хел мешавад, бе тановул?
– Ҳоло барвақт, иштиҳо надорам.
– Набошад андаке сабр кунед, ман ҳам ҳамроҳат меравам,
– гўён Света барои дастурушўйӣ ба вана даромад.
– Майлат, ман дар берун интизор мешавам, – дилу бедилон гуфт Ирина.
– Лаҳзае пас ў поён фаромада гуфт:
– Мебахшед.
– Боке нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё