АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

... 10 …
…Онҳо то посе аз шаб гузаштан нахобиданд. Давраи мактабхонӣ ва он рўзҳои беташвиши кўдакиро ба ёд оварданд.
Ниҳоят ў ба меҳмон хоби хўш орзу намуда, ба хонаи шафат гузашт, вале аз чӣ бошад, ки хобаш наомад. Дар чунин лаҳзаҳо китоб муниси ягонаи ў буд… Хост китоби дишаб хондааш романи Ҷингиз Айтматов «Қиёмат»– ро варақ занад. Ноомади корро бинед, ки китоб дар хонаи хобаш набуд. Ба ёд овард, ки китоб дар хонаи шафат аст. Ў нўг – нўги по рафта дари меҳмонхонаро кушода моту маҳбут шуд.
Ирина дар равшании шабчароғ донаҳои қандро мешумурд.
Аз ин ташрифи ногаҳонии соҳибхона Ирина дасту по хўрд…
– Мебахшед, хобам набурд, хостам китобамро гирам, – гуфт соҳибхона ва китобро, ки болои миз меистод гирифта, аз хона бадар шуд. «Қиёмат» ҳам дигар ба дардаш даво нагашт.
Хоб тамоман чашмонашро тарк намуд. То субҳ мижа таҳ накард. Фарораси субҳи навро бо чашмони аз бехобӣ варамида истиқбол гирифт.
Тамоми шаб ўро як суол ором намегузошт. Чаро Ирина дар танҳоӣ қандҳоро мешумурд. Шояд ин ҷо сиррест, ки ў намедонад. Саволҳои беҷавоб тамоми шаб ўро ором нагузоштанд…
– Роҳ диҳед, роҳ диҳед, – гуфтани касе ўро аз банди андешаҳо баровард ва гашта марди миёнсолеро дид, ки аробаеро тела дода, анбўҳи одамони дохили вокзалро чун ду соҳили дарё ҷудо намуда, пеш меомад.
Света аз зинаҳо фаромада, ба боҷхона рафт. Ба гирду атроф назар карда, дафтарчаашро кушода, рақами Е 268, х 117– ро, ки аз дафтарчаи Ирина навишта гирифта буд, ба ёд гирифт ва чун дузд ба хоначаи рақами 117 наздик шуд. Наздик шуду дуд аз димоғаш баромад…
Касе пешдастӣ карда аз ў пештар ба ин ҷо ташриф оварда буд…
... 11 …
сардори шўъба Акбаршоҳро гўш карда гуфт:
– Агар аз аввал маро мефаҳмидеду як ҳодисаи оддиро ин қадар овоза намекардед, ҳама гуна хатоҳоятонро бахшидан мумкин буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё