АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Аз баски ў дугонаи наздики ман буд, камбудиеро дар шахсияти Ирина намедидам. Солҳои мактаби ў духтари шармгин ва камгап буд. Шарму ҳаё ҳусни ўро дучанд мекард.
Қариб аз нисф зиёди бачаҳои синф «харидори» ў буданд. Аз ин рў духтарҳо ба ў ҳасад мебурданд. Ирина ба ҳамаи ин бепарвоёна менигарист. Дар ёдам ҳаст боре барои Ирина шуда байни ду ҳамсинфамон Саша ва Толиб ҷанҷол шуд ва ба Ирина лозим омад, ки онҳоро халос намояд. Ў гуфт, ки муносибаташ ба ҳамаи ҳамсинфон муносибати бародарона аст… Албатта, он солҳо гузаштанд ва акнун дар солҳои донишҷўӣ шўълаи ишқ дар дили Ирина ҳам ҷо гирифта будааст. Ба фикрам Саид ҳам кўшиши зиёде ба харҷ додааст, то дили ўро ба даст оварад.
– Шумо гуфтед, ки тайи ду соли охир Ковалёва ба Тоҷикистон наомадааст?
– Бале, бори охирин баъди хатми курси дуюм, дар таътили тобистона омада буд. Шояд яке аз сабабҳои ба Бердичев рафтани модараш низ ҳамин бошад.
– Аз ин бармеояд, ки ў бо Саид дар Харков ва ё дар Бердичев шинос шудааст, – гуфт капитан.
– Ба фикрам ҳамин хел аст.
– Барои расмҳо ташаккур. Мо ҳозир дар бораи марги Королёва ба Бердичев телеграмма фиристодем.
Ман ҳам телеграмма фиристодам, – гуфт Света…
Пас аз рафтани Райкина Абдумаҷидов ба андеша фурў рафт. Дар ҳақиқат кор на ба он дараҷаест, ки мо фикр мекунем.
Азбаски Ковалёва ду сол боз ба Тоҷикистон наомадааст, ў бо Саид дар ҳамин ҷо шинос шудааст… Ин кор ба манфиати мо хоҳад шуд, чунки доираи ҷустуҷўйҳо маҳдуд мегардад.
Абдумаҷидов аз бинои милиса баромада ба прокуратура рафт.
... 8 …
Аҳмад Шарифӣ тайи чанд соли охир дар прокуратураи
ноҳияи Гулистон вазифаи муфаттишро бар ўҳда дошт. Ҳарчанд
бо Абдумаҷидов дар як факултет таҳсил мекарданд, вале аз
наздик шинос набуданд. Вақте, ки Акбаршоҳ ба курси якум
дохил шуд, Шарифӣ дар курси панҷум мехонд ва онҳо ба ғайр
аз салому алек, ки дар донишгоҳ рў ба рў меомаданд, дигар муносибате надоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё