Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Капитан ба дари утоқи кории муфаттиш ангушт зад ва рухсати даромадан пурсид.
– Ҳа, Акбаршоҳ, тамоман бедарак шуда рафтед– ку? – гуфт Шарифӣ.
– Дар сояи давлати шумо чанд рўз боз ҷойи нишастамро намеёбам, – ҷавоб дод капитан ва бо соҳиби утоқ, ки ба истиқболаш аз ҷой бархоста буд, даст дода вохўрӣ намуд.
– Агар чанд рўз боз нанишаста бошед, ана, курсии мулоим, марҳамат гузашта шинед.
Акбаршоҳ чун ба курсӣ нишаст, муфаттиш аз ҷойники дар мизи пасттаре, ки паҳлўи столи кориаш меистод ба пиёлае чой рехта, назди капитан гузошт.
– Хўш, Акбар Ҳакимович, акнун гап занед, ки оё шахсияти он зани бадбахтро муайян намудед ё не?
– Ба фикри Шумо чӣ? – дар навбати худ суол намуд капитан.
– Азбаски дар ин бора шаби гузашта ба воситаи оинаи нилгун дар барномаи «Ахбор» гап заданд, мумкин гиреҳе ба даст омада бошад, вале аллакай нимаи дуюми рўзи дигар аст ва шояд ягон кас мақтулро шинохта, ба ёрии Шумо омада бошад…
– Аз Шумо ягон чизро пинҳон карда намешавад, – гўён Абдумаҷидов аз ҷузвгир баёноти Светаро гирифта, ба назди Аҳмад Шарифӣ гузошт…
Муфаттиш коғазҳоро аз назар гузаронида, сипас онҳоро ба як гўшаи миз гузошту ба тарафи мусоҳибаш нигариста гуфт:
– Ин барои рўзи аввали баъди хабари телевизионӣ бад нест.
– Албатта, як нишондоди Райкина басанда нест. То кадом андоза Райкина ҳақиқатро гуфт, мо намедонем. Маро фақат як чиз ором намегузорад: – Чӣ тавр ва дар куҷо Ковалёва бо Саид шинос шудааст? Чаро Ковалёва дар мактубаш суроғаи аниқ ва фамилияи Саидро нанавиштааст? Райкина тасдиқ мекунад, ки бо Ковалёва дугонаи ҷонӣ будааст, агар чунин аст, чаро ягон бор дар бораи муҳаббаташ ба Саид ҳарфе нагуфтааст, ки аслан ин хоси занҳо нест…
– Яъне гуфтаниед, ки занҳо ягон ҳодисаро пинҳон карда наметавонанд.

пешина
аз 408
навбатӣ