АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Акбаршоҳ матни телеграммаро навишта барои имзо назди Ёров гузошт. Сардор ба зери он имзо гузошта илова намуд: аз эҳтимол дур нест, ки мо аз хешовандони Ковалёва маълумоте дар бораи Саид ба даст меоварем.
– Ҳамаашро вақт ҳал мекунад.
– Аз хотир набароред, ки вақт интизор намешавад, ба замми ин дар тарозу обрўйи милиса гузошта шудааст ва агар ҷиноят кушода нашавад, яке аз мо бояд аз ин идора равем.
– Мефаҳмам, ки он шахс кист?
– Ба фикратон кадоме аз мо меравем?
– Албатта ман, охир беҳуда нагуфтаанд, ки калтакро кӣ хўрад? – Ятим!
– Ятим ин шумо– мӣ? Биё монед– е.
– Охир, фикри маро фаҳмидан хостед, аниқашро гуфтам.
– Ин хел, ки бошад, рафиқ капитан, аз пайи кор шавед…
... 7 …
Абдумаҷидов аз бинои милиса баромада, рост ба почтаи марказӣ рафт ва ба Бердичев телеграмма фиристод. Сипас, ба идора баргашта омадани Светаро интизор шуд. Соатҳои ёздаҳ Света боз ба милиса омад. Ў бо худ чор дона расми Ковалёваро оварда буд. Расмҳо дар солҳои гуногун гирифта шуда буданд ва дар яке аз онҳо «Барои ёдоварӣ ба дугонаам Светлана аз Ирина, Харков, 199. . .» навишта шуда буд.
– Ин расми охиринест, ки ҳамагӣ чор моҳ пеш Ирина фиристода буд, – гуфт Райкина.
– Ба фикратон Ковалёва кай ба Душанбе омадааст?
– Пешгўӣ кардан душвор аст, вале аз рўйи он, ки ў ба ман занг назад, эҳтимол ҳамон рўзе, ки шаҳди маргро чашидааст.
– Шояд хостаст, ки пайдошавиаш дар хонаи Шумо ногаҳонӣ бошад.
– Шояд...
– Ба ғайр аз Шумо ў бо ягон каси дигар муносибати дўстона дошт.
– То он ҷойе, ки ман медонам, не.
– Аслан ба шахсияти ў чӣ хел баҳо медиҳед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё