Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– «Ин корро ба таъхир андохтан мумкин нест гуфта навиштанаш»,– шояд ҳамин маъноро дошта бошад гуфт Света.
– Дигар ягон асосеро барои чунин шитобкорӣ намебинам, чунки тифли дар батнаш буда тахминан ҳафтмоҳа буд, – гуфт капитан.
– Наход фикр кунед, ки Саид қотили ў шудааст?
– Ҳарчанд фактҳо ба муқобили ўянд, аммо бе асос ўро гунаҳкор кардани нестем. Барои исботи ҳақиқат мо бояд ўро ҷустуҷў намоем…
Абдумаҷидов нишонии Ирина дар Харков ва модараш дар Бердичевро гирифта, Райкинаро то дари баромадгоҳ гуселонид ва хоҳиш кард, ки агар расми Иринаро дошта бошад биёрад.
– Ин он қадар душвор нест, – гуфт Света ва аз бинои милиса баромад…
... 6 …

сардор Акбаршоҳро гўш карда, рўйирост иқрор шуд, ки ҳеҷ гумон надошт яку якбора кор чунин ранг мегирад.
– Албатта, расми мақтулро, ки ба воситаи оинаи нилгун намоиш дода шуд, на ҳар кас метавонад шиносад. Агар рафту Саид бегуноҳ бошад, бояд худаш ба милиса биёяд.
– Рафту ў дар ҷумҳурӣ набошад– чӣ?
– Ба гумон аст рафиқ, майор, чунки Ковалёва бе гуфтушуниди пешакӣ ҳеҷ гоҳ азми сафари Тоҷикистон намекард.
– Шумо чӣ пешниҳод доред?
– Аз баски мо фамилия ва насаби Саидро намедонем, ҷўстани ў дар ин шаҳри калон ин ҷўстани сўзанро дар байни тўдаи коҳ мемонад…
– Чӣ бояд кард?
Райкина бояд як чанд расми Ковалёваро биёрад ва моро лозим меояд, ки як бори дигар аз хизмати телевизион ва ё матбуот истифода барем…
– Ин масъаларо андаке маъқуф гузоштан лозим. Беҳтараш дар ин кор ҳамаи аппарати ёрирасонро сафарбар кардан лозим.
– Дар ин бора худи ҳамин рўз мо бояд ба модари Ковалёва хабар диҳем.
– Бале, сараввал аз пайи ҳамин кор шавед…

пешина
аз 408
навбатӣ