АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Сипас, даргириҳои сиёсӣ сар шуданду қисме аз мардум кўч бастанд ва ниҳоят вазъияти ҷумҳурӣ муътадил гашту бархе аз он муҳоҷирон ба Ватан баргаштанд. Аз чӣ бошад, ки модари Ирина ҳам ба назди хешу ақрабояш ба Украина кўчид ва ман дигар Иринаро надидам.
Танҳо ҳафтае пеш аз ў мактуб гирифтам ва фаҳмидам, ки азми ба Душанбе омадан дорад.
– Он мактубро бо худ овардаед?
– Бале.
Света сумкачаашро кушода мактубро ба дасти капитан дод. Абдумаҷидов аз дохили лифофа варақеро бароварда ба хондан сар кард.
…Светаҷон ҳарчанд ин ҷо камбудие дар зиндагӣ надорем, вале пораи дили ман он ҷо монда аст. Ба наздикӣ ба Душанбе меоям, не ногаҳон меоям бигузор ин як тўҳфаи ногаҳонӣ барои ту ва ҳам барои волидайни ў бошад. Шояд пурсӣ, ки ў кист? Аз ту дугонаи азиз хоҳиш дорам, ки аз тарафи ман дар никоҳ шоҳид бошӣ. Ин корро дигар ба таъхир андохтан мумкин нест.
Аминам, ки маро мефаҳмӣ ва аз ман рўй намегардонӣ.
Мегўянд, ки мардҳо аввал фикр мекунанду пас кореро анҷом медиҳанд, занҳо бошад баръакс. Ана, ҳоло ман ҳам дар чунин аҳволам.
Дар мактуб ҳамаашро ба ту фаҳмонда наметавонам, чун омадам нақл мекунам. Боварӣ дорам, ки Саид ҳам ба ту маъқул хоҳад шуд...
Туро мебўсам.
Ирина 26 март, Харков.»
Акбаршоҳ мактубро болои миз гузошта гуфт:
– Светлана Андреевна оё пештар ҳам аз Ковалёва мактуб мегирифтед?
– Ҳа, гоҳ– гоҳ, вале Ирина дар ягон мактубаш дар бораи Саид ҳарфе нагуфта буд. Аслан ў духтари шармгин буд ва шояд намехост, ки пеш аз пода чанг андозад. Акнун намефаҳмам ба ў чӣ шуд, ки яку якбора ба шавҳар баромаданӣ аст?
– Шояд тифли дар батнаш буда, ўро ба чунин шитобкорӣ маҷбур намуда бошад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё