АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ман ҳам.
– Бояд ҳамин хел бошад.
(Садои ханда…)
– Агар туро дўст намедоштам, магар ҷонро дар хатар гузошта ба хонаат меомадам, рафту домулло биёяд маҷбурам, ки ба поён парвоз кунам.
– Мисли Боқиев.
– Кадом Боқиев?
– Ҳамоне ки аз балкони хонаи Хумор ба поён парвоз кард.
– Тарзе гап мезанӣ, ки гўё ман ўро мешинохта бошам.
– Охир гуфтӣ, ки парвоз мекунам, ман ҳамон ҳодисаи хонаи хоҳарамро ба ёд овардам.
– Милисаҳо туро дигар ҷеғ назаданд?
– Не, чӣ буд?
– Ҳамин хел пурсидам– да.
– Маро ку не, вале ба фикрам Хуморро ҷеғ заданд.
– Чаро ба фикрат будааст.
– Чунки ҳамагӣ ним соат пеш аз омаданатон Хумор ба ин ҷо омада буд.
– Ту бо ў ҳамсуҳбат шудӣ?
– Не.
– Чаро?
– Чунки омадани шуморо интизор будам ва ўро аз тиреза дида дарро накушодам.
– Эй ман ҳамеша ғуломатон!
– Ман ба хотири шумо дарро ба рўйи фарзанди падар накушодам, шумо бошед…
– Гап зан.
– Гўё намедонӣ?
– Аз куҷо донам.
– Аз ҳамсарат кай ҷудо мешавӣ?
– Боз каме тоқат кун.
– То кай?
– Камтари дигар.
– Гумон кардам, ки дидорҳо дар қиёмат мегўйӣ.
– Ин хел нагў.
– Чӣ гўям?
…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё