Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Афсўс ки ман имконияти дастури дигар гирифтан надорам, вале чӣ хеле ки милисионер дар давоми 15 дақиқаи дар ин ҷо буданаш ба ман фаҳмонд, ҳамаи гуфтугўйи мо дар берун ба диктофон сабт карда мешавад.
Занги дар садо доду ў бори дигар тугмачаи сеҳрангези гиребонашро даст карда, ба буданаш бовар ҳосил карду ба истиқболи сайёд, ки ба шикори охирини хеш омада буд, шитофт….
Дар оинаи барқади пешайвон лаҳзае ба қомати мавзунаш нагариста, ба ором будани хеш боварӣ ҳосил намуда, дарро кушод.
Дар дохили автомашина аз лаҳзаи аввал суҳбати шикорчӣ ва сайди ў ба лентаи овоз сабт карда шуд.
– Дер мондед – ку?
– Бубахш ҷонам, ин нақлиёти шаҳриро фаҳмида намешаванд.
– Агар «Волга»ро меовардӣ сайри Варзоб мерафтем.
– Имрўз насиб набудааст, хайр боке не ягон рўзи дигар меравем, ана ин халтаро гиру тезтар ба ман як пиёла об рехт биёр.
– Ин чӣ?
– Коняк ва нўшобаи дўстдоштаи ту ҷонам.
– «Шоҳамбарӣ»?
– Не, «Кокакола».
– Имрўз коняк нўшида наметавонам. Вақтҳои охир «Кокакола» ҳам маъқул нест, аз бўяш дилам бухс мекунад.
– Аз кай боз?
– Ду – се рўз шуд. Як шаб ҳамроҳи падари Фирўзҷон коняку «Кокакола» нўшида дилам беҳузур шуд.
– Инҳоро домулло не, балки сайёдат овардагӣ ва ба хотири ў метавонӣ, ки суханашро дар замин монӣ?
– Албатта не.
– Ин гапи дигар.
– Майлат, шумо обҳоро ба пиёла резед, ман дастурхонро биёрам.
– Чӣ хуш аст, чунин маҳбубаи оқила доштан.
– Ба фикрам ҳама мардҳо фиребгаранд.

пешина
аз 408
навбатӣ