АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Дастурхонро фаромўш кардӣ?
– Ҳа, ҳозир…
Нигор аз меҳмонхона баромада, дарро пўшида аз сўрохии пардаи дари шишагини меҳмонхона рафтори сайёдро ба зери назорат гирифт. Расул аз ҷевон пиёлаҳоро гирифта болои миз гузошт ва ба онҳо коняк ва «Кокакола» рехт. Сипас, аз ҷайбаш қуттичаеро бароварда онро болои яке аз пиёлаҳо чаппа кард, қуттичаро ба ҷайбаш гузошта як пиёларо ба гўшаи миз гузошта монд. Нигор оҳиста ба тарафи ошхона рафта дастурхонро гирифта баргашт.
Муллоев ўро дидан замон пиёлаи конякро ба гулў рехта боз онро аз нўшоба пур кард.
– Ман – ку нўшидам ту чаро истодаӣ, ҷонам? Беҳтар мешуд, ки менўшидию ба қисми истироҳат мегузаштем.
– Истироҳат гурехта намеравад. Чӣ хеле ки мегўянд аввал таом баъд… Гуфтам ку аз бўйи ин дилам беҳузур мешавад.
– Хайр ҳамин даъфа сухани маро ба замин намон.
– Нанўшам чӣ?
– Аз сухани дўст шикастана гардани шайтонро шикан.
– Майлатон, ана гирифтам.
– Хайр, бинўш…
Нўшбод аломати огоҳкунандаи мост, – гуфт Сорбони Ҳомид ва ҳамроҳи Алимов ба тарафи бино давиданд…
Онҳо бе садо вориди хонаи Нигор шуда, лаҳзае тавақуф намуданд. Нигор ҳанўз нўшбод мегуфт.
– Эй қоил кардӣ– ку.
– Қоил нашуда ҳам бин.
– Дарро маҳкам карда будӣ?
– Чӣ буд?
–Ба фикрам касе вориди хона шуд.
– Рафту домулло омада бошад?
– Чӣ?
– Охир баргаштани Зариф ҳам мумкин, канӣ як бин!
– Ман метарсам.
– Ин хел тарсу набудед– ку?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё