Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуд, гуд, гуд…
– Чаро дурўғ гуфт? Гурўҳи назоратӣ хабар дод, ки соати 7 –
40 дақиқа бо автомашинааш ба Пажўҳишгоҳ омад, – хомўширо вайрон карда гуфт Абдуҷаббори Ислом.
–Муллоев ягон амалиёти наверо ба тамоми майда чўйдаҳояш тарҳрезӣ намудааст, вагарна дар ин чилаи тобистон байни он чор девори бетониро ки таваккалаш /риск/ ниҳоят зиёд аст ихтиёр намекард. Охир бо автомашина ў метавонист маҳбубаашро ба ягон гўшаи хилват барад, – посух дод Сорбони Ҳомид.
– Далел?
– Худтон қазоват намоед шахсе, ки чунин автомашинаи зебо «ГАЗ – 24» дорад ба ҷойи сайдашро ба ягон гўшаи дур бурдан ба хонаи ў меравад. Агар зимистон мешуд ин дигар гап, вале дар чунин ҳолат…
– Давом диҳед.
– Ба ҷуз тарсў будан Муллоев рўбоҳи маккорест. Ў аниқ қасди ҷони Бурҳонова намудааст ва инро тарзе ба нақша гирифтааст бинанда гумон намояд, ки Бурҳонова худкушӣ намудааст. Яъне дар хуни Боқиев, ки гунаҳкор буд, худкушӣ намуд ва гумон дорад, ки бо ин роҳ тафтишотро ба иштибоҳ андозад.
– Дар чунин ҳолат Бурҳоноваро огоҳ кардан лозим, – гуфт Абдуҷаббори Ислом.
– Бурҳонова ба Муллоев чунон дил додаст, ки ба гумон аст ба мо бовар намояд.
– Ба фикри шумо яроқи истифода мебурдагии Муллоев чӣ бошад? – пурсид сардори ШКД.
– Ба ҷуз заҳр дигар ҳама гуна яроқ худкуширо инкор мекунад, посух дод ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
– Ана ҳаминро ба Бурҳонова фаҳмонда диҳед, бигузор худаш бинад, ки дилдодааш чӣ гуна шахс аст.
– Вақт ниҳоят танг аст ва ба гумон аст, ки ба мо ин кор муяссар шавад.
– Дигар ҷойи баҳсу мунозира нест, тезтар аз пайи кор шавед, то боз ҳодисае рух надиҳад…
Муллоев ин даъфа барои хеш алиби боэтимоде тайёр мекард. Барои ҳамин ў сараввал автомашинаро аз назди Пажўҳишгоҳ гирифта, як истгоҳ пештар бурда монду боз ба кор баргашт.

пешина
аз 408
навбатӣ