Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Имрўз сайёд пиёда аст ва агар дар лонаи он мурғи ҳумо барояш ҷой ёфт шавад, худаш ба он лона меояд.
– Ба аробаатон чӣ шуд?
– Ароба «бемор » шудагӣ.
– Вақтҳои охир корҳо барор нагирифта истодаанд – ку.
– Ба фикрам ба мо чашми кадом бадбине расидааст.
– Хайр, чӣ кор кунем.
– Вомехўрем.
– Дар куҷо?
– Дар макони сайд.
– Чаро дар макони сайёд не?
– Кӣ дидааст, ки сайёд дар дар манзили хеш шикор карда бошад?
– Дилам ба ҳоли хеш месўзад?
– Чаро?
– Чунки шикорчӣ нестам ва як сол боз чун сайд ҳамеша худро аз сайёд «ҳифз» карданӣ мешавам, вале ин ба ман ҳеҷ даст намедиҳад ва боз орзуи дидани шикорчиро дорам.
– Тоқат кун рўзе манзили шикорчиро ҳам бо чеҳраи тобони хеш равшан хоҳӣ кард.
– Эҳтимол маро чун воситаи дилхушиат истифода мебарӣ ва рўзе чун ашёи нодаркор мепартойӣ.
– Чаро ба ман бовар намекунӣ?
– Чунки аз ҳамон линчаи ғомукат нияти дил кандан надорӣ.
– Боз андак сабр кардан лозим.
– Сабру тоқат ҳам меъёр доштагист.
– Биё, ин гапҳоро мон. Омадам ҳамашро ҳал мекунем.
– Кай меоӣ?
– Як соат пас аз вақти таъиншуда.
– Майлаш шуморо интизор мешавам…
– Ҳа, қариб ки фаромўш намудам. Хуморро дидед?
– Ҳа, ҳамон рўзи сешанбе ҳамроҳи домулло ба фурудгоҳ рафта, ўро пешвоз гирифта то хонааш гусел намудем.
– Ба ў ягон чиз гуфтӣ?
– Не.
– Хуб, интизор шав сайди ман.
– Чао…

пешина
аз 408
навбатӣ