Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дар ин ҷо ман ҳамроҳи Қурбонзода сари масъалае баҳс дорем ва ба гумонам онро бе ёрии Шумо ҳал карда наметавонем.
– Мо дар хизмат тайёр!
Соиб Сулаймонов фикру ақидаи хешро дар бораи ба зери ҳимоя гирифтани Бурҳонова иброз намуд.
– Оҳ, Кукриниси1 шуд – ку, – хандида гуфт Абдуҷаббори Ислом.
– Чӣ ягон каси дигар ҳамчун он рассомони машҳур дар ин ҷода фикри худро баён намуд?– ҳайрон шуда пурсид прокурор.
– Ҳа, ним соат пештар аз Шумо бачаи боба ҳамин ақидаро пешниҳод кард. Ва ў хост гўяд, ки ман аллакай барои назорати Бурҳонова супориш додам, вале худдорӣ кард, чунки дипломатия дар ҳама маврид боиси ҳамдигарфаҳмӣ мегардад.
– Чаро хомўш шудед ?
– Сари ҳамин ақидаи Шумо андеша дорам.
– Оё ману Қурбонзода ба ёрии Шумо умед баста метавонем.
– Чаро не? Магар мо бандаҳои оддӣ ҳуқуқ дорем, ки сухани сарназоратчии қонунро ба замин монем.
– Э, монед–е, воҳима карда рафтед – ку, – эътироз кард прокурор.
– Чаро воҳима будаст, охир аз плакатҳои сиёсии Кукринисиҳо замоне олам ба ҷунбиш омада буд ва чаро акнун мо чунин пешниҳодҳои аҷибро ки яку якбора аз ду идора садо доданд, дастгирӣ накунем.
– Набошад, умедамон ба Шумо.
– Метавонед осуда бошед Соиб Сулаймонович, баъди чанд дақиқа супориши Шумо ҳукми қонунӣ мегирад.
– Ин супориш не, ин хоҳиш аст Абдуҷаббор Исломович.
– Ҳар чӣ ҳам бошад мо баҳри иҷрои он камари ҳиммат мебандем.
Онҳо баъди намози шом ба Ҳулбук расиданд. Модар мардуми зиёдеро назди хонаи апаш дида пурсид, ки чӣ гап шудааст? Вале ба фаҳмонда додани воқеа ҳам ҳоҷат нашуд.

1.Купрянов. Кирилов ва Соколов – рассомони плакатҳои сиёсии.

пешина
аз 408
навбатӣ