АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ҷиянҳояш Моҳрў, Саодат ва Майрам холаашонро дида оҳу фиғонкунон ўро ба оғўш гирифтанд…
Сари субҳ вақте, ки офтоб як қади найза дар кўҳҳои атроф баланд шуд, тобутро аз хона бароварданд.
Сорбони Ҳомид бегоҳӣ азми баргаштан ба Душанбе намуд. Аввал хешовандон ўро аз райъаш гардонидани шудан, вале ниҳоят писари холааш Сафар ўро фаҳмиду ба баргаштан рухсат дод. Соати дуи шаби рўзи пайшанбе ў ба Душанбе омада, дар назди идораи милиса фаромад.
Навбатдори шўъба, ки тамоми рўз ўро надида буд, дар нисфи шаб ба идора омаданашро дида ҳайрон шуда пурсид, ки магар лейтенати калонро янга аз хона пеш намудааст.
– Қариб ки ҳамин хел, – гуфт Сорбони Ҳомид ва аз рафти ҳодисаҳои дар ду рўзи охир рухдода пурсон шуд.
Навбатдор китоби қайди ҷиноятҳоро ба наздаш гузошта гуфт:
– Марҳамат, худатон санҷида бинед.
Сорбони Ҳомид ҳодисаҳои ду рўзи охирро аз назар гузаронида каме ором шуд. Дар давоми ду рўзи охир ҷинояти вазнине чун куштор ба қайд гирифта нашуда буд.
Ў ба навбатдор шаби хуш орзу намуда ба утоқи кориаш рафт ва бистарашро аз болои говсандуқ гирифта, рўйи мизи кориаш ки шакли «Т» монанд дошт густурда дароз кашид.
Симои холаи меҳрубонашро пеши назар оварда, хеле андеша кард ва чи тавр хоб рафтанашро надониста монд…
Оҳ, ин Нигор. Ба фикрам то рўзи қиёмат мо аз дасти ў осуда нестем. Маълум мешавад, ки ҳеҷ аз хўяш нагаштааст.
Наход хонаи обод дошта бошию боз….
Пас аз рафтани сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Сендеров Хумор моргазидаро мемонд. Ҳарчанд милисионер нагуфт, ки гунаҳкор кист, вале барои ў ҳамааш айён буд. Ин даъфа ҳам нангу номуси хешро пеши по задаст. Агар ў гунаҳкор намебуд, ҳамон рўзи ба пешвозгирӣ омаданаш дар ин бора гап мезад. Маълум мешавад, ки язнамулло ҳам аз ин ҳодиса хабар надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё