АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Чӣ илоҷ модоме, ки шумо чунин мешуморед бигузор гуфтаатон шавад, вале аз хотир набароред, ки рафту агар ҳодисае сар занад, сари ҳардуи моро касе сила нахоҳад кард.
– Чӣ хел ҳодиса?
– Тасаввур намоед, ки Муллоев дар ҳақиқат ҷинояткор аст ва ягона шоҳиди ў Бурҳонова.
– Гуфтаниед, ки Муллоев шоҳидро аз байн бардоштанаш мумкин. Шуморо дуруст фаҳмидам?
– Дуруст.
– Муллоев ва Бурҳонова чун ҳалқаи занҷир пайвастагие доранд, вале ин то ҳанўз маънии онро надорад, ки онҳо ба марги Боқиев гунаҳгоранд.
– Ман чунин мешуморам, ки баланд шудани фишори хуни Муллоев беасос нест ва бубин, ки дар ин бора худи Бурҳонова ёдовар шуд.
– Агар дар ҳақиқат Муллоев дар марги Боқиев манфиатдор бошад, наход ў ба куштори дуюм ҳам даст занад?
– Дар ҳама кор қадамҳои аввалин душвортаранд. Модоме, ки ў як маротиба қонунро пеши по зад, дуюмбора онро ҳифз нахоҳад кард.
– Чӣ хеле набошад маҷрои зиндагиро мо тағир дода наметавонем ва тезу тунд кардани рафти ҳодисаҳо ба манфиати тафтишот нахоҳад буд.
– Ман тезонидани рафти ҳодисаро ки як ҷараёни муқаррарии зиндагист талаб намекунам, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт шарт.
– Ин тарафи масъаларо ба ҷуз милиса касе аз ўҳдааш намебарояд.
– Мо чӣ ?
– Мо барои ин қувва надорем.
– Дар ҳақиқат дар ин ҷо мо ба ёрии милиса муҳтоҷем ва гўшаки телефонро бардошта рақамҳои телефони сардори ШКД
– ро чид …
Абдуҷаббор Исломов ки нияти ба зали маҷлисгоҳ рафтан дошт, баробари садо додани занги телефон лаҳзае таввақуф намуда гўшакро бардошт.
– Ҳа, ман…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё