Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
суханронию талаби иҷрои он доимо кӯшиш ба адолатнорӣ карда, аз ҳама гуна мақсадҳои ғаразноки шахсӣ дур бошад. Натоиҷи мусбии корро фақат ба худ мансуб надониста, дар вақти иҷро нашудани мақсад дигаронро набояд гунаҳгор ҳисоб кард ё сабаб шуморид. Дар ин ҷо мо боз диққати роҳбари ҳақиқатпарастро ба маҷрои дарёе ҷалб намуда, гуфтанием, ки бубинед, барои чӣ дарё аз ҷӯйборҳои хурд сарчашма гирифта ҷараёни пуртуғёнро ташкил мекунад, ки дар он ҳиссаи дарёчаи хурд низ дида мешавад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки дарё бо ҳамаи бузургии худ нигоҳ накарда, поёнтар ҷойгир аст ва маҷроҳои хурд маҷбуранд, ки ба он резанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, роҳбари ҳақиқатпараст дар суханронӣ доимо худро хизматгори коллектив ном бурда, диққати кормандонро ба худ ҷалб намуда, пайваста онҳоро гӯш мекунад. Ҷараёни хурди фикри ҳар яки онҳоро кам - кам ҷамъ намуда, худ ба дарёи пуртуғёни бузург табдил меёбад. Дар натиҷа аз ҳама пеш гузашта, ба касе зарар намерасонад, яъне касе дигар ба ӯ рақибу баробар шуда наметавонад. Нерӯи бузурги хештаншиносӣ дар ин равиш мушоҳида карда мешавад. Дар ҳақиқат роҳи сарвари ҳақиқатпараст бузург аст.
Ҳамин тариқ, мо дар низоми хештаншиносӣ асосан ба се нуқта диққати асосӣ додем: ҲАҚИҚАТПАРАСТӢ, ТОЗАГИИ ТАБИЙ ВА САРФАКОРИ.
Мавқеи роҳбар доимо аз рӯи ин низом муайян карда шавад, Худо хоҳад, ӯ ба қуллаҳои баланди сарварӣ мерасад.
Бо истифода аз ин низом сарвари ҳақиқатпараст дар вақти бо рақибони худ ба майдон омадан ҳатто метавонад, ки аз қувваи онҳо низ самаранок истифода намояд. Чӣ хеле, ки қаблан низ қайд карда будам, банда пайваста ба машқи гӯштини дзюдо машғулам ва ин низомро хеле хуб дар гилеми варзишӣ истифода карда, доимо ғалабаро бо каме кӯшиш ба даст овардан мумкин аст. Қувваро сарфакорона дар вақти ҷудокардашуда тақсим намудан, аз қувваи ҳаракати рақиб истифода карда тавонистан ва ҳақ рафтор намудан, аз нишонаҳои хештаншиносии роҳбарист. Ҳатто агар рақибро хубтар донед, бо андаке чолокӣ ӯро мағлуб мегардонед, бо истифода аз ҳаракати худи ӯ. Дар роҳбарӣ низ роҳбари ҳақиқатпараст, ба зинаи баланди инкишоф расида, ҳатто бо зердастон дар муошират нашуда, аз қувваи баланди ақлонии онҳо самаранок истифода менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё