Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

боқӣ хоҳед монд. Доимо кӯшиш ба харҷ диҳед, ки низом то ба вайронӣ наравад ва нагузоред, то ин ё он фаъолият дар ҳолати марговар қарор гирад, чунки ҳикмати мардуми тоҷик аст, ки «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард».

Дар ҳақиқат, сарваре ки ба ҳолат дода шуда, мехоҳад, бинои фурӯмерафтаеро нигоҳ дорад, қувваи бисёре сарф кунад ҳам, илоҷи доштани онро надорад. Вале дар натиҷаи ин ҳолати дигар биноҳоро ба низом оварда метавонад, то ба ин ҳолат гирифтор нашаванд ва дар ҳолати пешниҳоди лоиҳаи бинои нав аллакай талаботеро пеш мегузорад, ки дигар он бенизомӣ ба вуқӯъ напайвандад. Дар роҳбарӣ бисёр ҳолатҳоро дидан мумкин аст, ки роҳбари нотавонбин бо кадом роҳи нодуруст ва ноҳақе ба зинае расида, ҳаловат мебарад ва аз худ замоне бехабар мемонад, ки дар натиҷа дере нагузашта, ин бенизомӣ боло гирифта, ҳукмрониро аз даст медиҳад. Барои ин, дар низоми хештаншиносии роҳбарӣ таъкид карда мешавад, ки сарвари хештаншинос ҳеҷ гоҳ роҳи сабуки фиребро пеш намегирад, аз мушкилӣ натарсида, муваффақияти ба мушкилӣ ва воқеию ҳалол ба дастомадаро қадр менамояд. Хирадмандони тоҷик таъкид менамоянд, ки дар вақти сӯҳбат ба рақиби худ ба ду чиз аҳамияти хоса зоҳир намоед: 1). Зудновар мабошед. 2). Сирри дилатонро магӯед.

Роҳбари ҳақиқатпараст дар мулоқот низ низоми сӯҳбатро нигоҳ дошта, доимо оиди ахбори атроф ва рақибон эҳтиёткору ботамкон буда, аз чанд паҳлӯ таҳлил карда, баъдан хулосаи зарурии худро мебарорад. Худ бошад, тафаккурашро, худро аз ҳар гуна ахбори нолозима тоза нигоҳ медорад. Ҳангоми ба зердастон додани он эҳтиёткорӣ карда, аз онҳо низ талаб менамояд, ки дар сӯҳбату ҷамъомадҳо кам ва пурмазмун сухан гуфта, аз ҳама гуна ахбори сабук дур бошанд. Вақте роҳбари корхона чунин низомро амалӣ гардонида, аз дигарон онро талаб менамояд, дар тамоми менеҷмент он паҳн гашта, маърӯза, баромад ва сухан кардан, ҳусни тоза гирифта, мавқеашро меёбад ва инкишофро таъмин месозад. Устувории сухан пайдо гашта, ҷараёни пурраи мантиқии пайдоиш, ташаккул ва амалӣ гардонидани фикр ҷорӣ мегардад, ки дар маҷмӯъ низоми менеҷментро хеле баланд мебардорад. Оиди талаботҳои расмӣ, баромад ва сухан мо дар қисмҳои 3-4-уми китобамон пурра гуфта гузаштаем. Дар ин ҷо боз як нуқтаро бояд таъкид кард, ки роҳбари хештаншинос дар фикр ва

пешина
аз 463
навбатӣ