Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гардида, менеҷмент самараи хешро гум мекунад. Дар натиҷа, ҳолати ногувор пайдо гашта, хатари аз байн рафтани ҳокимият ба майдон меояд. Дар чунин як ҳолат ҳар қадар қарору фармонҳои зиёди роҳбарӣ набарорем, ҳамон қадар дуздию ғоратгарӣ афзуда, бенизомӣ ҳукмфармо мегардад. Ин маънои онро дорад, ки роҳбари хештаншинос дар ягон давру замон ба муқобили ҷараёни дарёи пуртуғёни зиндагӣ худро набояд гузорад, яъне ӯ ҳеҷ гоҳ садди роҳи инкишоф гирифта наметавонад ва нахоҳад гирифт. Баръакс, агар худи ӯ инкишофро таъмин нанамояд, ба ҷои ӯ дигарон онро ташкил намуда, роҳбариро ба дасти хеш мегиранд.

Дар низоми ба ҳақиқатрасии роҳбарӣ гуфта мешавад, ки роҳбари хештаншинос бояд доимо пешвои инкишоф ва ҷустуҷӯи кашфиёту навовариҳои илмию эҷодӣ буда, корхонаро дар сафи аввал нигоҳ дошта, инкишофи устуворро таъмин карда тавонад.

Агар дар хотираи роҳбар нияту кору фаъолияти нопоку зиёдатие, ки хотири ӯро банд кардаанд, набошад, он гоҳ вай самаранок роҳбарӣ намуда, корхонаро бой мегардонад.

Сарвар агар хоҳиши ғаразнок надошта бошад, коллектив ҳеҷ гоҳ рафтори ғаразнок намекунад ва ҳама ҳолатро ҳамчун ҷараёни оддӣ ва воқеӣ қабул менамояд. Пас, риштаи асосии низом дар дасти роҳбар қарор дорад.

Аз ин маълум мегардад, ки агар роҳбар худ ба зинаи хештаншиносӣ расида бошад ва он низомро дар коллектив ҷорӣ намояд, дар фаъолияти роҳбарии ӯ роҳи васею тозаи ба ҳақрасӣ пайдо гашта, ҳама дар он роҳ ҳаракат карда, бе фиребгарию дуздию ғоратгарӣ кору фаъолият менамоянд. Баръакс, агар роҳбар худ аз ин роҳ дур буда, мардумро ба дигар тараф майли бурдан намояд, он гоҳ одамон аз ӯ норизо гашта, аз қафояш немераванд.

Агар сарвар дар худ ҳақиқатро нигоҳ надорад ва истифода накунад, он гоҳ дар коллектив низ ҳақиқатро касе таъмин ва истифода намекунад. Ҷои онро дурӯғу фиреб гирифта, қаҳру ғазаби одаму оламро ба майдон меорад. Тарсу ҳарос, нобоварӣ ба оянда рӯз аз рӯз афзуда, нопокӣ зиёд гашта, донишмандон ва мутахассисони соҳибкасб корхонаро тарк мекунанд.

Гуфтаҳои боло фақат бахше аз натиҷаҳои бенизомии сарварӣ буда, оқибати аслиаш то ба хунрезюҳо бедодгариҳо оварда мерасонад. Аз ин хотир,

пешина
аз 463
навбатӣ