Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
назорат карда, мувофиқи ҳикмати миллати тоҷик — «даҳони худро нигоҳ дошта тавонад»:
Роҳбари хештаншинос ҷараёни дохилшавии ахбор ва баромадани онро бояд пурра идора карда тавонад, ки ин нишонаи бузурги худтастиқкунии роҳбарии ӯст. Аз дигар тараф, худро аз ҳама фикрҳои сабуки нолозима эҳтиёт карда, ҳеҷ гоҳ дар андешаронии хеш онро ҷой намедиҳад. Ҳар як ахборро дар тарозуи баланди ақлонӣ баркашида, зинаи олии фикррониро дарёфта, онро ба фаҳмиши олами ҳастӣ муқоиса карда, баъдан хулосаи дурусти хешро мебарорад. Дар ҳақиқат, вақте сухан аз ин сарчашмаҳои бузург тоза шуда бармеояд, он гоҳ мавқею мартабаи бузургро касб карда, соҳиби худро низ ба ин зинаи олин инкишоф мерасонад, ки ин ҷараён ва низоми асосии хештаншиносии роҳбарист.
52.5. Низоми ҳақиқатпарастӣ ва покизагии табиии роҳбарӣ дар менеҷмент
Дар фаъолияти менеҷмент аслан ду ҳолат мушоҳида карда мешавад. Аввалан, ҳолати муқаррарӣ, ки аз рӯи низоми мавҷудаи корӣ роҳбар қарор қабул намуда, иҷрои онро таъмин месозад. Дуюмин, ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ, ки ногаҳон пайдо гашта, кашфиётҳо ва эҷодкориҳою навовариҳое ба майдон меорад, ки ҷараён ва қонунияти фарқкунандаи хешро дорад. Ҳолати якумро шояд аксар роҳбарон аз рӯи низоми қонунӣ ва дастурамалҳо дар як зинаи муайян иҷро намоянд, аммо ҳолати дуюмро на ҳамаи роҳбарон дарк карда, аз ӯҳдаи иҷрои он баромада метавонанд.
Роҳбари сустназм моҳияти ин низомро пай набурда, доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар корхона ҳар чӣ зиёд низому қоидаҳои маҳдудкунанда ва манъкунандаи инкишофи қобилиятҳоро ҷорӣ намояд, ки ин оқибат ба қашшоқӣ оварда мерасонад.
Чунин роҳбарон дарк намекунанд, ки ҳар қадар дар ташкилот кормандони нодону камсавод ва бетаҷриба зиёд гарданд, ҳамон қадар роҳбарӣ мушкил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё