Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Худтасдиқкунии роҳбарӣ майдони васеъ ва ҳамворе мебошад, ки дар он ҳама нуқсонҳои хурди роҳбарӣ монанди оина равшан дида мешаванд. Инкишофи роҳбарӣ ба зинае бояд бирасад, ки озодона дар болои ин оинаи ҷилдиҳанда ҳаракат карда, онро нашиканад. Фақат бо роҳи ҳаракати дурусти ақлонӣ метавонед дар болои ин майдон озодона ҳаракат ва ҳатто рақсу бозӣ карда, ба ҳама гармию сардӣ чунон тобовар шавед, ки он ба ҳаракатҳоятон таъсири манфӣ расонида натавонад. Ва баръакс, аз ин қувваҳо самаранок истифода карда тавонед. Боз маротибаи дигар таъкид менамоем, ки ҳолати ороми ақлонӣ метавонад, ки ин қувваи бузургро соҳиб бошад. Роҳбари худинкишофёфта дар менеҷмент шароити мувофиқи роҳбарӣ ташкил мекунад ва худро на аз камбудиҳо ҳимоя, балки барои пайдоиши камбудӣ имкон надода, доимо дар талоши инкишофу худтасдиқкунӣ қарор дорад.

Вақте ки дар корхона сарвар ва тамоми коллектив ба худинкишофдиҳӣ ва худтасдиқкунии ақлонӣ машғуланд, дигар зарурати истифодаи қувваи ҷисмонӣ ва ё яроқу тарсонидани ҷисмонӣ вуҷуд надорад. Танҳо дар ҳамон ҳолате, ки коллектив аз худинкишофёбӣ мемонанд ба фиребу туҳмату дурӯғ мегузаранд, ҳатто мутахассиси касбию донишманд маҷбур мешавад, ки вақту қувваи бисёреро сарф карда, худро аз ин нопокон муҳофизат намояд. Аз ин дида дигар бадбахтию қашшоқӣ барои менеҷмент вуҷуд надорад, ки дар натиҷа мо на танҳо аз инкишоф мемонем, балки шахсиятҳои бузургро аз даст дода, боз солҳои дароз имкони фаъолияти дурустро пайдо карда наметавонем.

Сарвари худинкишофёфта медонад, ки барои ахбори дурусти роҳбарӣ шарт нест, ки тамоми ҷаҳонро тай намой ва ё ба чор тараф давида, аз мардум мадад пурсӣ. Муҳим он аст, ки роҳбар ҳолати дурусти роҳбариро ташкил карда, худ дар роҳи ҳақ қарор дошта бошад. Фаромӯш набояд кард, ки ҳамсоя ва рақиб ҳеҷ гоҳ ба Шумо ҳақро намегӯяд. Барои дарки ин ҳолат роҳбар бояд қонунияти ҷараёнеро донад, ки берун аз ҳудуди сарварии ӯ ба вуқӯъ мепайванд. Оиди ин масоили муҳими хештаншиносӣ мо дар боби алоҳида пурра гуфта мегузарем.

Бояд гуфт, ки мо ҳар қадар аз асли масоил ва умуман, аз асли худ дур гардем, барои мо ҳодисаҳои муҳит ҳамон қадар даҳшатноку норавшан менамоянд.

пешина
аз 463
навбатӣ