Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

воқеиро ташкил диҳанд. Аз ҳамин нуқта, хусусияти мураккабии ҳодисаҳо ва ҳолатҳо пайдо гашта, барои роҳбари сустинкишофёфта мушкилиро ба майдон меорад, вале тафаккури ақлонӣ ва дарки бошууронаи ҳодисаҳо ба роҳбар имкон медиҳад, ки боз ибтидои ҳамон занҷири сарбастаро пайдо карда, аз асрори ҳалқа бохабар гардад. Бояд гуфт, ки дар ин роҳ сарвари хештаншинос аз дигарон хеле пеш рафта, танҳо бо қувваи худогоҳӣ якҷоя буда, ғалабаро соҳиб мегардад.

Яке аз ин хислатҳои худинкишофӣ, мулоҳизакор ва ботамкин будан дар ҳолатҳои гуногуни роҳбарӣ мебошад. Аксар маврид амали ҷавобӣ шояд ба зиёни кор буда, Шумо аз асли воқеа бохабар набушед. Дар натиҷаи шитобкорӣ, ҳатто ба як қувваи заиф ғалаба карда наметавонед. Роҳбари хештаншинос ба зинаи инкишофе расидааст ва аллакай медонад, ки аз худдорӣ ва амали якбора накардан ба ҳолатҳои ғайриоддии роҳбарӣ чӣ қадар манфиат ба эътибори роҳбарии ӯ ва ба менеҷменти корхона зам мегардад. Дар ин нуқта сӯиистеъмол накардан аз сухане, ки ҳамчун роҳбар имкон доред, нишонаи хиради роҳбариатон буда, дигарон доимо интизор ҳастанд, ки чӣ мегӯед. Аммо вақте ин ҳодиса ба вуқӯъ намепайвандад, ҳама атрофиён ва зердастон хештаншиносиятонро боз як маротиба эътироф карда, эътиборатон хеле баланд мегардад. Маҳз, дар ҳамин ҳолат роҳбар бояд пешакӣ донад, ки одамон дар бораи ӯ чӣ андеша доранд ва рафтори ӯро чӣ хел баҳо медиҳанд. Аломати худтасдиқкунӣ андешаи он аст, ки эътиборе ба даст овардаед, аз даст надоҳед. Лекин набояд фаромӯш кард, ки чӣ қадаре ки оиди худинкишофӣ андешида, дигаронро фаромӯш намоед, он гоҳ ин инкишофи яктарафа буда, оқибати хуб надорад. Дар ин ҷо низ меъёре ва қаноатмандие, ки дар мавзӯъҳои пешин гуфта гузаштаем, бояд нигоҳ дошта шаванд ва ҳаракати аз ҳад зиёд низ на он қадар ба манфиати кор аст. Мувофиқи гуфтори хирадмандони тоҷик дар вақти давидан сари вақт истоданро низ аз хотир фаромӯш накунед, то ба ҷарӣ наафтед. Дар сарварӣ низ роҳбари хештаншинос бо дарки ин хатар оромона мувозинатро доимо нигоҳ дошта, қаноатмандона кору фаъолият менамояд.

Бояд гуфт, ки дар сарварӣ хатари асосиро дар худтасдиқкунии мақсадҳои гаронак ба майдон овардан мумкин аст.

пешина
аз 463
навбатӣ