Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Бинобар ин, роҳбари хештаншинос ҳеҷ гоҳ аз аслу насабу маданияту дину оин ва урфу одати миллати хеш дур нарафта, баръакс онҳоро омӯхта, дар роҳбарӣ самаранок истифода менамояд ва инкишоф медиҳад. Чуноне ки донишмандони мардуми тоҷик мефармоянд: Роҳбари хештаншинос доимо тозагӣ ва дақиқии чор чизро бояд риоя намояд: ДИЛУ ЗАБОН ВА ЧАШМУ ГӮШ.
Яъне ба зинаи худтасдиқкунӣ расида, сарвар чунин имкони инкишофро соҳиб мегардад, ки ба берун набаромада софии ҳаворо ҳис менамояд, роҳ нарафта пастию баландии роҳро медонад, кору фаъолияти роҳбариро на фақат иҷро мекунад, балки санъати волои онро кашфу инкишоф медиҳад, ки атрофиёну коллектив ва наслҳои оянда боз ҳазорсолаҳо истифода менамоянд.
Шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодӣ ва суръати баланди ахбори электронӣ ба зинае расидааст, ки дигар роҳбар барои омӯзиши пурраи тамоми паҳлӯҳои роҳбарӣ ва ҳолатҳои бавуҷудомадаи менеҷменти корхона имкони физиологии коркарди пурраи ахборро надорад. Замоне фаро расидааст, ки мо ба ҷараёни худшиносӣ диққати махсус дода, аз садҳо ва ҳазорҳо ахбори дуюмдараҷаю сеюмдараҷа ва ҳатто нолозим, ки имрӯз дар корхонаҳои Тоҷикистон, мутаассифона, кам нестанд, даст кашида, ба «системаи асаби электронӣ», ки имкони баланди коркард ва тоза кардани ахборро дорад, гузашта, аз тарзу усули назоратию бюрократии роҳбарӣ ба системаи ақлонии роҳбарии «БОВАРӢ-ДЕМОКРАТИ» гузарем ва аз садҳо шакли ҳисоботдиҳию қоғазбозиҳои беҳуда даст кашем. Банда боварӣ дорад, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ мо ҷомеаи роҳбарони хештаншиносро ба воя расонида, аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ки имрӯз дар ҷомеаи мо бо номи «коррупсия» шинохта мешавад, халосӣ хоҳем ёфт. Оиди ин масоил мо дар китоби 3-4-юми хеш пурратар гуфта гузаштаем.
Дар худтасдиқкунии роҳбарии тоҷик гуфта мешавад, ки ақли инсонӣ доимо дар инкишоф буда, фақат бо роҳи бовар кардан ба зердастони худ, бо некӯкорон ҷавоби нек додан ва ба нобоварон бо боварӣ сухан гуфтан, ба мақсади олии хеш мерасад. Сарвари хизманд доимо эҳтиёткору дурандеш буда, пайваста кӯшиш менамояд, ки донишу фаҳмиши худро инкишоф дода, инъикоскунандаи ақлонии тамоми ақлҳои олам гардад ва пешво бошад, чунки ӯ медонад ва пурра дарк мекунад, ки ба одамӣ чор ҳодисаро аз сар гузаронидан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё