АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Акнун бароям фарқ надорад. Дигар аз ҷазо ҳам наметарсам. Фақат орзу дорам, ки он нохалаферо ки қасди ҷони Замира кардааст, бубинам.
– Мо тамоми имкониятҳои хешро барои дастгир кардани ҷинояткор равона месозем ва ба фикрам он рўз дур нест, ки мо ташкилкунандаи ин амалёти нопокро дастгир мекунем.
– Аз куҷо чунин худбоварӣ ва чаро ки қотилро нею ташкилкунандаро дастгир мекунед?
– То ҷое, ки мо медонем ташкилкунанда қотилро ҳам аз қафои сайдаш фиристодааст.
– Худоё, шармандаи бозори қиёмат накунед, – гуфт Зулхумор аз ҷой бархоста, иҷозаи рафтан пурсид…
Баъди рафтани ў Акбаршоҳ дар фикру андешаҳои хеш ғарқ шуд…
Симои ин духтараки лоғарандом, ки дар зиндагӣ роҳгум задааст, ҳеҷ аз пеши назараш дур намешуд. Ў ҳарчанд кушид, ки сабабҳои ба роҳи хатто қадам ниҳодани Зулхуморро фаҳмад, вале ба хулосаи аниқ омада натавонист. Албатта, инсонро бо роҳи хатто омилҳои гуногун бурда метавонад ва яке аз омилҳои асоси ин тарбияи нодуруст дар оила аст…
… 32 …
Исҳоқ Табаров ҳуҷҷатҳои парвандаи ҷиноятиро варақ зада, лаҳзае дар хондани акти кушодани ҷасади мақтул Зубайдова тавақуф намуд. Дар акт омада буд, ки марг яку якбора ҳангоми ба дил расидани асбоби сурохкунанда ба вуқуъ пайвастааст.
– Зарба ба дил…Зарбае ки одамро ҳалок месозад аз нағз донистани анатомияи одам аст…
Вохўрии дирўза бо Абдумаҷидов ўро ба дубора хондани акти мазкур маҷбур сохт. Маҳз Абдумаҷидов дар бораи шогирдаш Сафар Ислом сухан ронда, дар омади гап гуфт, ки шогирдаш нисбат ба Ўроз Кабудов таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намудааст ва ҳатто фаҳмидааст, ки Ўроз замоне донишҷўи донишкадаи тиббӣ будааст.
Дастовардҳои Сафар Ислом таваҷҷуҳи Табаровро дар бораи омўхтани тарзи зиндагии Кабудов бедор кард ва ў аз майори милиса хоҳиш кард, ки ҳуҷҷатҳое ки ҳаёту фаъолияти Ўроз Кабудовро рангин сохтаанд, барои омўзиш ба ў диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё