Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, не лозим нест, ман худам, – гуфт Зулхумор.
Акбаршоҳ дар чашмони духтар тарсу ҳаросеро ҳис кард гуфт:
– Даъват намудан ё нанамудани Шовалиев ба худатон вобаста аст ва агар ягон сирреро аз тафтишот пинҳон кардани бошед, ваъда дода наметавонам, ки Ҳасанро ба идораи милиса ҷеғ намезанам.
– Себи сурхро кӣ санг назадааст? Аммо на ҳама себ ҳангоми сангзанӣ меафтад. Албатта ҳамон себи пухтааш меафтад. Қиссаи муҳабати ман бо Ҳасан ҳамин қиссаи себи сурху роҳгузарро ба ёд меорад,–оҳ кашида гуфт Зулхумор. Ва тамоми саргузашти худро бо Ҳасанро ба истиснои оне, ки Ҳасанро ба қатли Замира Аскаровна ҳидоят карда буд, нақл кард.
–Пас маълум мешавад, ки шумо Зубайдовро ҳам фиреб дода истодаед?
– Не, ман ба Каромат хиёнат накардаам. Тифли дар батнам буда аз Зубайдов аст. Ба Ҳасан гуфтам, ки минбаъд сари роҳи маро нагирад, ба зиндагиям халал нарасонад. Дар ғазаб шуда маро зад.
– Ба фикрам ман «тўҳфаро» барои дигар кор гирифтагистед?
– Чаро ба ман бовар намекунед?
– Ба шахсе, ки тифли якеро дар батнаш гирифта, бо дигаре ишқварзӣ мекунад, бовар кардан мумкин аст?
– Гуфтам–ку ман бо ў ишқварзӣ накардаам. Ў маро ба ҳолам ҳеҷ нагузошт. Акнун дилаш хунук шуда рафт. Илтимос, ки Ҳасанро ҷеғ назанед.
– Ин ҷо лагери пионерӣ нест. Ин идораест, ки нозу карашмаи касеро намебардорад, банда яке аз хизматгорони хурди ҳамин идораам, ки бар хилофи ақидаи гузаштагонам рафта наметавонам, аз ин рў ба Шумо дар ин бора ваъда намедиҳам.
– Ҳайф.
– Чӣ?
– Ҳайф ки сухани маро шикастед. Ин баробари он аст, ки пушт ба офтоб гардонед.

пешина
аз 416
навбатӣ