Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хуб шудааст,– гўён Сафар рухсат пурсида аз дар берун шуд. Акбаршоҳ боз ба коғазҳои болои миз чашм дўхт:
…Аз сабаби сахт будани алмос коркарди он басо сангин буд. Олими аврупоӣ Л. Берггем бо ёрии регрезаҳои худи алмос сайқал додани онро ихтироъ карда бо ҳамин давраи навро дар ин соҳа оғоз кард…
– Мумкин мӣ?
– Ў сар бардошта дар пеши дар Зулхуморро дида гуфт.
– Марҳамат дароед.
Зулхумор гузашта ба курсии нишондодаи соҳиби кабинет нишаст.
– О, ки шуморо?
Зулхумор ҳарчанд суоли Акбаршоҳро нағз фаҳмида буд, .
– Шумо чиро дар назар доред?
– Сиёҳии таги чашматонро.
– Ҳа, он рўз баъди рафтани Шумо очаам хуб маро зад.
– Ба фикрам, ин кори Ҳасан.
– Шумо аз куҷо медонед?
– Медонем.
Зулхумор сар базер афканда дигар чизе нагуфт.
– Хайр акнун ба сари мақсад меоем,– гўён майори милиса Абдумаҷидов ба таври расмӣ ба пурсиши Зулхумор Эшонова пардохт.
Зулхумор ба суолҳо посух дода, ба зери ҳар ҷавоби додаи хеш имзо мегузошт. Ва иброз намуд, ки Кароматро дўст медорад, аз ў дар батнаш тифл дорад.
– Бисёр хуб, модоме, ки Кароматро дўст медорад пас бигўед, ки Ҳасан кист, суроға ва ному насабашон?
– Ин ба Шумо чӣ лозим?
– Агар лозим набошад, намепурсидам.
– Ҳасан як шиноси ман аст.
– Ному насабаш?
– Шовалиев Ҳасан Равшанович.
– Суроғааш?
– Кўчаи Миралӣ 15.
– Ба кадом сабаб ў шуморо зад.
– Ба ин коратон набошад.
– Майлатон, инро аз худи Ҳасан мепурсем.

пешина
аз 416
навбатӣ