АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Дар ин ҳодиса ў ягон далели шайъӣ, ягон шоҳиди аниқ ва умуман ягон гиреҳе, ки он имконияти кушода доштан бошад, ба истиснои худи ҳодисаҳои содиршуда надид…
Дар рудҳои хурдӣ кўҳистон, ки обаш софу беғубор аст, мардум на бо шаст, балки бо дасти моҳӣ медоранд. Мардон дасту остин барзада, даст ба зери сангҳои руд меандозанд ва моҳӣ медоранд. Рафту моҳигир агар заррае ба хатто роҳ диҳад, моҳӣ аз зери дасташ лағжида аз зери санг берун меояд ва ҷон ба саломат мебарад. Ў дар кори хеш ҳамин гуна лағжишеро ҳис кард. Ҳамаи ин шояд сабаб гашта бошад, ки ин марди зиндадил дамдўзд ва дурушт муомила шуда буд. Дар сари дастурхон ҳангоми тановул Наташа дар ин бора сухан гуфт. Сухани ҳамсар ўро ба андеша водор намуд ва ниҳоят ба хулосае омад, ки ҳақ ба ҷониби Наталия Василевна аст…
Телефон занг зад. Гўшакро Наталия Василевна бардошта шавҳарро, ки машғули либоспўшӣ буд, ба назди телефон даъват кард.
– Абдумаҷидов гўш мекунад.
– Рафиқ майор, дар асоси супориши Шумо занг задам, – гуфт навбатдори шўъба Наҷмиддинов.
– Чӣ ягон ҳодиса рух дод?
– Не.
– Гап занед охир.
– Ба фикрам, рафиқ майор, фаромўшхотир шудаед, охир бегоҳӣ, пеш аз хонаравӣ супориш додед, ки агар ягон хабаре дар бораи шахсияти мақтули аз соҳили дарёи Душанбе ёфтшуда омад, ҳатман занг занед.
– Бале, бале, гап занед.
– Телефонограммаро хондан мумкин – мӣ?
– Бемалол.
– Шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бустон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар сурати дирўз ба унвони идораи мо фиристодаатон Ўроз Кабудов аксбардорӣ шудааст. Вайро ду моҳ пештар милиса ба зери назорати маъмурӣ гирифта буд.
– Ташаккур, ман ҳозир расида меоям, – гуён Акбаршоҳ гўшакро ба ҷояш гузошт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё