Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Алмоси Орлов 194 қирот буда, кавкабаи Императори Русияро оро медод, ки дар аввал чун чашми як ҳайкали Буддо дар яке аз маъбадҳои кишвари Ҳинд гузошта шуда буд.
Ҳангоми дохили ин маъбади буддоӣ гардидани пайравон, рўшноии ба алмоси – чашмҳои Буддо афтида баробари афканишоти нурҳо медурахшиданд ва ба шахси ибодаткунанда як эҳсоси нотакрору пуртаъсире мегузоштанд. Ин алмос соли 1739 ҳангоми забти Ҳиндустон аз тарафи Нодиршоҳ (шоҳи Эрон 1688– 1747) аз чашми Буддо канда гирифта, ғанимат рабуда шудааст. Пас аз кушта шудани Нодиршоҳ, як аскари франсавӣ, ки дар ҳайати посбонони Шоҳ адои вазифа мекард, ин алмосро дуздида ба Аврупо бурд…Дар интиҳо онро сарватманди рус – граф Орлов бо арзиши 450 ҳазор рубл харида, ба малика Екатеринаи дуюм тўҳфа намуд.
Алмоси Шоҳ 88, 7 қирот буда, он ҳам дар Ҳиндустон ёфт гардидааст, ки дар он номи се нафар соҳиби он аз ҷумла шоҳи Эрон сабт шудааст. Аз ин рў онро алмоси «Шоҳ» номидаанд.
Соли 1829 шоҳи Эрон онро ба Николаи 1 ҳадя мекунад ва ҳоло дар захираи алмоси Русия маҳфуз аст…
– Фардо боз омада мехонед, – гуфтани китобдор Сафарро аз мутоила боздошт. Чун сар бардошт дар толори қироат ғайри худ касеро надид. Пурсид соат чанд.
– Бисту яку панҷоҳ дақиқа, – гуфт китобдор.
Ў китобу маҷаллаҳоро супурда берун баромад. Шаб фаро расида буд…
… 25 …

– Ноомадҳои ҳафтаи охир кам буд, ки боз таҳқиқи ҳодисаи дигарро ба ман супориданд. Албатта, муайян кардани шахсияти мақтули аз соҳили дарё ёфтшуда низ як зарбаи навбатие ба кор буд. Акнун бояд дар ду самт кор бурд.
Хайрият, ки Додарбеков таҷрибаомўзро ба ёрии ман фиристод.
Чӣ гуна шахс будани ў фардо маълум хоҳад шуд. Бо ҳамин фикру хаёлҳо Акбаршоҳ лакоту хаста баъди шом ба хона омад.
Тамоми шаб аз як паҳлў ба паҳлўи дигар гашт. Хоб чашмонашро тарк карда буд. Фикру хаёлаш дунболаи воқеаҳои ҳафта ва рўзҳои охир буданд.

пешина
аз 416
навбатӣ