АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Тенҷӣ – мӣ?
– Худам ҳам намефаҳмам, рафиқ майор, навбатдор супориш дод, ки шуморо ёфта, ба идора даъват намоям, хайрият нарафта будед.
Ҳарду вориди бино шуданд ва навбатдор аз қисми навбатдорӣ баромада гуфт:
– Хайрият, ки нарафта будед, рафиқ майор.
– Чӣ воқеае рух дод?
– Дар соҳили дарёи Душанбе тахминан дусаду панҷоҳ метр поёнтар аз купруки калон ҷасадеро ёфтаанд. Шеф супориш дод, ки Шумо ҳам ҳамроҳи гуруҳи таъҷилӣ ба ҷойи ҳодиса равед.
– Чӣ илоҷ «Шеф всегда прав»
– А если нет, – пурсид навбатдор?
– Тогда вступает в силу параграф первий. *
… 23 …
Тахшисгар – криминалист Самӣ Орифӣ ҷойи ҳодисаро сурат гирифт. Танҳо баъди ин дигар иштирокчиёни гурўҳи тафтишотӣ ба иҷрои кори хеш пардохтанд. Ҷасади урёнро дарё ба соҳил партофта буд. Чӣ қувваи бузурге дорад дарё, охир ҳама шахси ба об афтидаро сараввал урён мегардонад ва инро Абдумаҷидов на як бору ду бор дида буд. Акнун муайян кардани шахсияти мақтуле, ки об онро ба соҳил бароварда буд, ба зиммаи ў меафтод, чунки минтақаи мазкўр аз рўйи тақсимоти территориявӣ ба ноҳияи Гулистон тааллуқ дошт.
Мақтулро ба ташхисгоҳ фиристода, гурўҳи фаврӣ, ки муфаттиши прократура Қурбонов сарварии онро ба ўҳда дошт, ба милиса омаданд…
Подполковник Додарбеков аз ҷаласаи васеъи вазорат бо димоғи сўхта баргашта, дар қабулгоҳ ҷавони ношиносеро дид.
– Хуш ягон хизмат доштед?
– Ин кас таҷрибаомўз, – ба ҷойи ҷавон гуфт котиба.
– Ин хел бошад, ўро ба назди майори милиса Абдумаҷидов баред, – гуён Додарбеков ба утоқи кориаш даромад.
- Аз рўйи қоидаи хизмати дохилӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё