Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хобатро ба об гўй, оне ки чунин «холи зеборо» дар зери чашми ту гузоштааст мергани гузаро будааст. Ё гапам нодуруст?
– Ман ҳам дар лаҳзаи аввал чунин ақида доштам.
– Ҳоло чӣ?
…
… 21 …

Рўзҳо пайи ҳам мегузаштанд. Ҳарчанд се ҳафта пеш Каромат Зубайдов дар тараддуди аз ҳамсараш ҷудошавӣ буд ва ба қавле имрўз аз шароити фароҳам омада бояд истифода мебурд, вале ў таклифи Зулхуморро напазируфт. Баръакс таклифи духтар ўро ба андеша водор кард. Рафту Зулхумор…
– Не, не, охир он шаби борон ў ҳамроҳи ман буд.
– Рафту ба воситаи дигар кас.
– Не, не бовар намекунам.
Бо ҳамин фикру хаёл ў албом ва дигар ҳуҷҷатҳои хонадонро оварда болои миз гузошт ва ба азназаргузаронии онҳо пардохт.
Аз баски Замира ҷамъ намудани мактубҳоро дўст медошт, ў ба хулосае омад, ки ягон гиреҳи фоҷиаи мазкурро ба даст хоҳад овард. То нисфи шаб кофтуков дар бойгонии хонадон натиҷае надод. Тамоми тарафҳои зиндагии хеш ва Замираро пеши назар оварда, ба хулосае омад, ки касе бештар аз Зулхумор ба марги ў манфиатдор набуд…

… 22 …

Азбаски интизор шудани Зулхумор дигар маъние надошт, Акбаршоҳ ба мақсади муайян намудани шахсияти тағои Мастура, ки худро ба ҷойи мўйсафед Осмон Самад оғлӣ муаррифӣ намудааст, аз идора баромад.
Дар назди шўъбаи навбатдорӣ андаке таваққуф намуда, хост ба куҷо рафтанашро ба навбатдор гуфта диҳад, чунки реҷаи кори милиса ҳаминро тақозо мекунад, вале навбадор бо телефон ба куҷое гап мезад. Ў мақсади аз идора баромаданашро ба ёрдамчии навбатдор сержанти милиса Холов гуфта аз бино баромада ба тарафи истгоҳ рафт. То истгоҳ нарасида сержанти милиса Холов аз қафояш давида омада хабар дод, ки ба идора баргардад.

пешина
аз 416
навбатӣ