АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Бобо шохаҳои дарахтонро тоза мекарду Акбаршоҳ, онҳоро оварда болои гулхан мепартофт. Ниҳоят он чуқурӣ аз шохаи дарахтони нимсўз пур гардид. Онҳо хурсанд шуданд. Акнун ў алафҳои сабзро медаравиду бобо оварда моҳирона болои гулханро мепўшонд...»
Ба майор Акбаршоҳ Абдумаҷидов мерасонанд, ки дар кўчаи Заргарон - наздики роҳи оҳан ҷасади занеро ёфтаанд.
Автомашинаи милиса ба ҷойи воқеа омад. Ташхисгар – криминалист лейтенанти калони милиса Самӣ Орифӣ суратҳоро марбут ба мақтул омода сохт. Ҷустуҷў оғоз мешавад.
Баъди тафтиши тулонӣ саҳеҳ мегардад, ки ангуштарини нигинаш нилгун ба Замира мутааллиқ будааст. Ва риштаи воқеаҳо дар гирди алмос мепечад. Муаллиф дар ин бора аз забони ҳаким Фирдавсӣ мегўяд:
Ту гуфтӣ, ки алмос ҷон дораде, Ҳамон гурзу найза забон дораде.
Ривояти алмоси Регент низ мароқангез аст. Ба ақидае ин алмос 196,5 қиротро ташкил дода, соли 1702 онро ғуломе дар мулки Ҳинд медуздад. Ҳангоми аз кишти сафар кардан ў сарашро захмӣ намуда, ин алмосро ба зери докаи сарбандаш пинҳон месозад. Ахиран, алмосро ба губернатори ҳинду Питт бо қимати ҳазор фунт-стерлинг мефурўшад. Питт алмосро ба 3,5 миллион франк ба сарватманде медиҳад. Худи калимаи алмос аз юнонӣ «адамас» гирифта шуда, маънои «сахт»- ро дорад.
Тоҷирони Мовароуннаҳру Эрон ин сангро ба Руссия бурдаанд.
Таркибаш аз карбони тоза иборат аст.
Абдумаҷидов дар давоми яку ним моҳ корҳои ҷустуҷўиро моҳирона пеш мебарад.Тибқи супориши муфаттиш ў шахси гумонбар Ҷамол Давроновро пайдо намуд ва хонаи ўро пурра аз назар гузаронд, танҳо дохили аквариум монду халос. Дилаш намешуд ҳаракати зебои моҳичаҳоро халалдор созад. Аммо илоҷи дигар набуд. Сангҳои дохили аквариумро берун оварданд. Санги рахдореро бо болғача куфтанд. Аз даруни он пораи хурди полуэтиленӣ берун омад. Ва дар рушноии чароғи барқӣ нигини он медурахшид, ҷило медод.
Чунин бармеояд, ки Шарифбек Азизӣ маҳорати нигорандагии худро сайқал дода, пайи таълифи асарҳои ҷолиб мекушад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор