Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў ба ҳалли мавзўъ комёб шудааст. Азбаски мавзўйи ҳарду қисса аз ҳаёти кормандони умури дохила баҳс мекунад, ба доираи қонун овардани далоил риоя гардидааст. Худи муаллиф дар кушодани муаммоҳои ҷиноӣ таҷрибаи хуб андухтаву тасаввуроти рангинаш натиҷаи нек ба бор меоварад.
Ба андешаи мо дар ҳар қисса қаҳрамонҳои гуногун вобаста ба шароитҳои ҳархела амал мекунанд. Лекин ҳам дар «Ҷосус»
ва ҳам дар «Дурахши алмос» ному насаби якхелаи қаҳрамононро дучор меоем. Ҳол он ки мавзўи қиссаҳо тафовут дошта, давоми мантиқии якдигар нестанд.
Боз афзуданием, ки ҳам дар қиссаи «Ҷосус» ва ҳам дар «Дурахши алмос» муколамаҳои зиёдатӣ вомехурад. Баъзе зарбулмасалу мақолҳо дар қолаби худ намеояд. Масалан, ба ҷойи «Осёбро баста мешаваду даҳони мардумро не» ингуна «Марзи давлатиро баста мешаваду даҳони ин одамонро не» аз шакли аслиаш дур афтодааст.
Ё, ба ҷойи калимаи «говсандуқ» (саҳ. 22) агар «сандуқи калон»-ро истифода мебурд, хеле бамаврид буд. Мисли ҷумлаҳои «Аксари алмосҳои таърихӣ роҳи дурударозеро паймуда, шоҳиди бисёр воқеаҳо ва ҳатто фоҷиаҳои хунин низ гардидаанд.» ва ё «Пурсид соат чанд» носуфтаву аз мантиқи сухан дур ба чашм мерасад.
Ба ҳидояти суханшиносон раҳи эҷод ҳеҷ гоҳ осонбарову ҳамвор набудааст. Банда ин ҷо аз назари як хонанда ба ду қиссаи ў чанд матлаби худро гуфтам. Ба ҳар сурат умедвор шудан мумкин аст, ки Шарифбек Азизӣ қиссаву ҳикоёти нав ба нав менигорад ва чун адиби хушсалиқа дар адабиёт ҷодаи хешро муайян мекунад.

пешина
аз 416