Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро доираи қонуният ва фаъолияти муфаттишон ҳамин чизро талабгор аст. Аз ин сабаб ба бойгониҳо рў оварда, қисмати ҳамяроқон Латифи Мардон ва Абдуллои Сафарро хуб омўхтааст.
Тафтишот кӣ будани ҷосусро муайян намуд. «Ин «уқоб»
ҳам падарлаънат будааст! Гўё то номи «ставка»-ро ба забон нагирад, кораш пеш намерафтааст. Дар пеши даҳон кутал не, ҳарчи хост лақидан гирифт. Зинда бошем, мебинем, ки ту ба чӣ қодирӣ. Агар дар бари ман «Валтер» намешуд, сенздаҳ сол пеш ҷоям Лифертово (ҳабсхонаи КБД дар шаҳри Москва) буд. Охир, Абдуллои Сафар маро дида, ба рўям туф карду хойин гуфт.
Хост аз гиребонам дошта ба милиса барад. «Валтер» – и худам, ки буд, гирифтаму паррондам...» – хулоса мегўяд ҷосус– каҳрамони марказӣ.
Нақши генерал Ҷобиров, полковник Сиддиқӣ дар қиссаи «Ҷосус» – и Ш. Азизӣ равшан баромадааст. Ҳарчанд таълиф детективист, муаллиф суханашро ҷо – ҷо бо шеър қабо мепўшонад. Ҳангоме мўйсафед (ў лақаби Роҳсоз дорад) ба худ мепечад ва аз умри рафтааш пушаймонӣ мехўрад қалбаш ба туғён меояд, чӣ андешаҳое ба cap мепарварад. Қалби ў исён мекунад.
«Мурдан амри ҳақ аст ё инро ҳам инкор карданиед?– ба ҳуҷум гузашт қалбаш. – Акнун вақти дарави киштат омадааст ва ҳар он чи ки киштаӣ ҳамон хел хосил мегирӣ. Ҷав кошта, интизори дарави гандум шуданат маънӣ надорад»,– менигорад муаллиф.

Магў нохуш, ки посух нохуш о яд,
Ба кўҳ овози хуш деҳ то хуш о яд.

Сатрҳои охири «Ҷосус» ба он меанҷомад, ки муфаттиш Сабоҳат Сафарзода ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Шарифбек Азизӣ менависад, ки «Санавбар ба хонадони оне, ки сенздаҳ сол пеш дар шаҳри Рига аз гиребонаш гирифта, ба рўяш туф карда, хоини Ватан гуфта буд, фарзанде ба дунё меорад...» Ин тифлак набераи Сабоҳат аст, ки момо ба дидорбиниаш сўйи таваллудхона раҳ пеш мегиранд.
Қиссаи дигари Ш. Азизӣ «Дурахши алмос» дар саҳфаҳои аввал тасвири хотирмоне дорад: «Дар хандак гулхан афрўхтанд.

пешина
аз 416
навбатӣ