АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Сипеҳри ҲАСАНЗОД,
нависанда
ҶИЛОИ АЛМОС
Пирамарди Латиф ба хонаи духтараш Бунафша хабаргирӣ рафта буд. Ў фарзанди калони хонадон дабистони миёнаро тамом накарда, хостгорон аз ҳар гўшаи деҳа ба даргоҳи мўйсафед меомаданд. Ба қавле дари хонаи ўро охурча карданд. То ҳатто гапи котиби райкомро нагирифт мўйсафед. Рафтораш ҳамдеҳагонро ба тааҷҷуб овард. Оқибат бо шахси камбағалтарини деҳ Сайид риштаи хешигарӣ баст. Рустами домодаш ҳам хизмати хусуру хушдоманашро ба ҷой овард. Вале Рустам баъди панҷ сол ба бемории диққи нафас (астма) гирифтор, бо тавсияи пизишкон, аниқгараш бо талаби қатъии бобои Латиф ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳр кўч бастанд. Вақте ки се сол пас марди пир ба дидорбинии набераҳош рафт, дар бозгашт ўро наздики қабристон парронданд…
Ин мазмун аз китоби «Дурахши алмос»– и Шарифбек Азизӣ (Душанбе, «Деваштич», 2004 с.) бармеояд, ки «Ҷосус»
ном гирифтааст. Баъдан воқеот бо чӣ меанҷомад, мўйсафедро кӣ бад- ин варта кашид, магар ба ҷинояте шарик буд, ё ўро ба касе монанд кардаанд ва ғайра. Ҳамаи суолҳо посух мехоҳад.
Ва муаллиф риштаи воқеа, яъне хатти сужаи онро баандеша гиреҳ меафганад.
Қаҳрамони марказии қисса Латиф Мардон, ки марги нобаҳангоми ў барои кормандони тафтишот як муаммои сарбастае буд, зиндагии хоксоронае басар бурдаву фарзандони баркамол ба воя расонидааст. Прокурори ноҳия Сулаймонӣ санҷиши парвандаи ҷиноиро ба зиммаи машваратчии адлияи дараҷаи сеюм Сабоҳат Абдуллоевна Сафарзода гузошт. Ва ҳеҷ гумоне надошт, ки баъди сенздаҳ сол қотили падараш дуюмбора ба саҳнаи зиндагӣ меояд.
Муаллиф хонандаро ба воқеаҳо пайи ҳам ошно месозад.
Аввалан барои рушан ифода кардани фикр аз гузаштаи қаҳрамонҳо пора – пора оварда, тақдири неку бади онро пеши рў мунъакис месозад. Албатта, асари детективӣ илова бар тахаюли бадеӣ боз далелҳои воқеӣ мехоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор