АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Дар қиссаи «Оҳ, Тамара!» мақолу зарбулмасалҳои «Лаби боми ту нашуд, лаби боми дигаре» (саҳ.4), «Дар ноомади кор атола дандон шиканад» (саҳ.22), «Гургзода гург шавад, гарчи ба одамӣ бузург шавад» (саҳ.29), «Даҳони пушида – сад тилло», «То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст» (саҳ.ЗЗ), «Савдои хона ба бозор рост намеояд» (саҳ.35), «Уштура гуфтанд ғамза кун, полиза вайрон карду рафт» (саҳ.59), «Лулиён лаб–лаби бом, хапако кора тамом» (саҳ.68) ва бисёр дигар истифода гардидаанд, ки хеле табиӣ баромадаанд.
Муаллиф барои ҷаззобу гуворо баромадани қиссаҳо аз вожаҳои хоси тафтишот, амсоли «тафтишгар – криминалист», «дактилокарта» плёнкаи махсус барои гирифтани нақши ангуштон «карер» (ҷойе, ки аз он – ашёи хом - хокро меоранд), «дубликат», «Форс-Мажор» (воқеае, ки дигар онро пешгирӣ кардан мумкин нест), «кетарӣ» (даст ба даст), «кумир» (касро ҳамчун бут парастиш кардан), «эгоист» (худбин, худпараст) (саҳ.73), «Кум» (падархонди рўҳонӣ) (саҳ.73) истифода мебарад.
Байтҳои назмии қиссаҳо як навъ мазмуни фикру ақидаҳои муаллифро ҷамъбаст намудаанд. Масалан, вақте ки лейтенант Абдумаҷидов ба муфаттиш Сафар Раҷабов қиссаи «Арсен ва Тамара»– ро нақл мекунад, дуюмӣ баробари шунидани қисса додани зиёфатеро ба ўҳда мегирад. Муаллиф бо байти зерини Ҳофиз қиссаи болоро ба анҷом мерасонад:
Аз садои сухани ишқ надидам хуштар, Ёдгоре, ки дар ин гунбази даввор бимонд.
Ё ин ки ҳангоми насиҳати Наташа модари ў шарму ҳаёро ягона зевари зан дониста, духтарашро бо байти зерини Бедил таъкид мекунад:
Аз ҳаё магзар, ки дар номусоҳи эътибор, Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.
Хулоса, баъди заҳмати зиёди кормандони ШКД– и ноҳияи Гулистон ҷинояткорон Тўфон Хайров, Камол Собиров, Усмон Одилов ва Ҳотам Мадалиев парвандаи ҷиноӣ оғоз карда мешавад. ..
1.Аз ҳафтанома «Қонун ва ҷомеа», № 34 (133), 19. 08. 2006

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор