АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Дар қисса симои падари Дилором низ манфӣ ба мушоҳида мерасад, зеро ки ў се сол боз завҷааш Шаҳло ва духтаронаш Дилором, Дилафрўз, Маҳин ва Мастураро тарк намуда, бо умеди писардор шудан зани дуюм мегирад.
Камол Собиров ҳамчун ҷавони мағрур ва беандеша буда, сабабгори асосии дуздӣ мебошад. Чунки ў калиди аслии говсандук (сейф)–:ро аз киссаи модараш дуздида пинҳон карда буд.
Усмон Одилов аз зумраи дуздони гузаро буда, бештари вақти хешро дар айшу мастӣ мегузаронд. Аз ҷумла, вақте ки нозири минтақвӣ, капитани милиса Алишер Хоҷаев ўро дар хонааш пайдо намекунад, банохост вайро дар тарабхона ҳамроҳи Руслан Ҷонибеков ва ду ҷавонзан мебинад. Баъди кофтуков аз киссаи ў дуюним ҳазор сўм пайдо менамоянд, ки барои ҳарчи зудтар ошкор гардидани натиҷаи ҷиноят факти зарурӣ мегардад. Ҳарчанд ин пулҳоро ў надуздида буд, вале он «туҳфа»– и яке аз шогирдонаш Тўфон ба ҳисоб мерафт, ки дар рўзи «сахтиаш» ширинкома дод.
Руслан Ҷонибеков низ образи манфист. Ў баъди дуздӣ аз шаҳри Қайроқум гурехта, тавассути ҳавопаймои «Ту -154» аз Тошкент ба Душанбе меояд. Соатҳои 16 дар кўчаи Комсомол нохост бо ҷўраи деринааш Усмон Одилов, ки ду сол дар як коллонаи ислоҳи меҳнатӣ ҳукми судро адо намуда буданд, вомехўрад. Бегоҳӣ рафиқашро ба меҳмонхонаи «Вахш» даъват мекунад. Ҳангоми дастгир шудан аз киссаи вай ҳафт ҳазор сўм ёфт мешавад, ки аз пулҳои бедардимиён будани онҳо дарак медиҳанд. Аммо: «Ин миқдор пулро ман ба воситаи заёми сефоиза бурдам»– гуфтани ў ва нарасидани вақт барои санҷиш боиси он мегарданд, ки Абдумаҷидов суҳбатро бо Руслан Ҷонибеков қатъ менамояд.
Суман Гулова ва дугонаи ў - Парвина Маҳмадуллоева, ҳамчун ашхоси «вақтхушкун» дучори фиреби Усмон Одилов ва Рустам Ҷонибеков мегарданд. Онҳо ба айшу нўши фиребгарон ҳамроҳ гардида, танҳо баъди он ки аз асли вақеа бохабар мешаванд, аз кирдорҳои худ афсўс мехўранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор