АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Дар қисса бо симои як қатор қаҳрамонҳои манфӣ, амсоли Фаришта Маҳмадова, Ҳотам Мадалиев, Дилором, падари ў, Камол Собиров, Усмон Одилов, Руслан Ҷонибеков, Суман Гулова, дугонаи ў – Парвина Маҳмадуллоева, Тўфон Хайров дучор меоем, ки доимо дар ғами киссаи худ буда, бо даромади муфт зистан мехоҳанд. Масалан, Фаришта Маҳмадова (собиқ кассири завод), ҳамчун зани бемасъулият, аз гум шудани калиди аслии касса (хазина) биме надорад. Вай аз гум кардани нусхаи асосии калид бепарво буда, бо нусхаи дуюм говсандуқро кушодаву маҳкам менамояд. Аммо ин бепарвоӣ дер давом намекунад. Шояд хавфу бими ғорат намудани касса ўро ором намегузорад, ки баъди ду– се моҳ барои аз кор рафтан ариза менависад. Ҳарчанд баъди як моҳ калиди гумшударо аз хонааш ёфта, мехоҳад ба кассири нав супорад, аммо писараш Камол онро аз дасташ мегирад ва ҳатто насиҳатомез: «Чиз сад рўз дор бору як рўз даркор» – гўён аз ҳавлӣ мебарояд. Модари нотавону гумроҳ дар охирҳои қисса аз тарбияи нодурусти Камол афсўс хўрда, рўйрост ба писараш: «Сад ҳайф, ки ман дар вақташ лаҷоми туро накашидам ва акнун на баҳс фоида дораду на сўзу надомат» (саҳ.53) мегўяд.
Нақли мўйсафед Ҳотам Мадалиев, дар хусуси Фаришта Маҳмадова, ҳангоми суҳбат бо Абдумаҷидов симои ин зани бевафо ва бешарафро боз ҳам барҷаста менамояд:
– Ў дар пеши чашми ман калон шудагӣ, агар шарафашро нигоҳ, медошт, барои ҳарҷавонмард зан буд, вале ҳусни худодод ўро манфур сохт, қадри шавҳарашро надонисту кетарӣ шуд.
Посбони заводи хишт Ҳотам Мадалиев, аслан, одами бад нест. Ў масъулияти вазифаи посбониро ҳис мекунад. Аммо фирефтаи нағмаи наберааш Дилором шуда, шабона ба «аёдат»- и вай мешитобад ва маҳз баъди чанд муддати ба хона омадани ў пули касса ба яғмо меравад. Сипас, ў ба корманди органи корҳои дохила Абдумаҷидов вақти дуздиро (соатҳои чорчоруними шаб) нодуруст баён менамояд, ки боиси шубҳаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ мегардад. Дар воқеъ, ин мўйсафед баъди он ки наберааш Дилоромро пагоҳӣ дар хона намеёбад, дарҳол гумон мекунад, ки ба ин дуздӣ Дилором низ даст дорад, зеро ҳангоми мусоҳиба бо кампираш аввалан, бемор набудани наберааш ва сониян, дурўғ будани суханони Дилором, монанди гўё ба ном «ба хонаашон рафтааст»– ро исбот мекунад ва дар охири баҳс таъкид месозад: «Имрўз дер шуд, фардо субҳ худат ўро бо ду дасти адаб бурда, ба дасти волидонаш супор...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор